Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй нурдеҳи ситораи ман,
Хушнудии туст чораи ман.
1
Тарсам, кунадам Худой маъҳуд,
Гар ту нашавӣ зи банда хушнуд.
Гуфтӣ, ҷигари манӣ, ба тақдир
В-он гоҳ бад-ин ҷигар занӣ тир,
Гар ман ҷигари туам, матобам,
Чун бенамакон макун кабобам,
З-ин сон ҷигарат ба хункушоӣ,
Ту дар ҷигари замин чароӣ?!
Хуни ҷигарам хурӣ бад-ин рӯз,
Хонӣ ҷигарам, зиҳӣ ҷигарсӯз,
Бо ман ҷигарат ҷигархӯр афтод,
К-оташ ба чунин ҷигар дарафтод.
Гар дар ҳақи ту шудам гунаҳкор,
Гаштам ба гуноҳи худ гирифтор.
Гар панд ба гӯш-дар накардам,
Аз захми ту гӯшмол хӯрдам!
З-ин гуна дареғу оҳ мехӯрд,
Рӯзе ба шабе сиёҳ мекард,
То шаб алами сиёҳ нанмуд,
Нола-ш зи дуҳул задан наосуд.
Шаб чун садаф аз сиёҳпуштӣ
Бо моҳиву маҳ гирифт куштӣ,
Моҳӣ табиш аз садаф барангехт,
То ҷумла дур аз даҳан фурӯ рехт,
Маҷнун зи ду дидаи садафранг
Мерехт нисори дур ба фарсанг,
Бар гӯри падар нишаста, то рӯз
Мехонд қасидаҳои дилсӯз.
Сар то сари турбаташ якӣ кард,
Хона шуда ҷуфту хонагӣ фард.
2
Рухсора бад-он хатира месуд,
То субҳ дар ин сабӯҳ мебуд.
Чун ҳотифи субҳ дам баровард
В-аз кӯҳ шафақ алам баровард,
Иксирии субҳи кимиёгар
Кард аз дами хеш хокро зар,
Он хоки равон зи рӯи он хок
Бар пуштаи Наҷд рафт ғамнок.
Мекард ҳамон сиришкборӣ,
Аммо ба тариқи сӯгворӣ.

Қарор додашуда, донисташуда («Мунтахаб-ул-луғот»).
Бузург, азим.

пешина
аз 349
навбатӣ