Ҳафтахтар Ҷилди 3

Гуфт: эй падар, эй падар, куҷоӣ,
К-афсар ба писар наменамоӣ?
Эй ғамхури ман, куҷот ҷӯям,
Тимори ғами ту бо кӣ гӯям?
Ту беписарӣ салоҳ дидӣ,
З-он рӯй ба хок даркашидӣ!
Ман бепадарӣ надида будам,
Талх аст кунун, ки озмудам!
Фарёд, ки дурам аз ту, фарёд,
Фарёдрасе на ҷуз ту бар ёд!
Ёрам ту будиву ёварам ту,
Нерӯи дили диловарам ту,
Устоди тириқатам ту будӣ,
Ғамхори ҳақиқатам ту будӣ,
Бе буди ту бар маҷоз мондам,
Афсӯс, ки аз ту бозмондам!
Саркӯфти дуриам макун беш,
Ман худ хиҷилам зи кардаи хеш,
Фарёд барояд аз ниҳодам,
К-ояд зи насиҳати ту ёдам!
Ту роизи ман ба хушхиромӣ,
Ман тавсани ту ба бадлагомӣ.
Ту гӯши маро чу ҳалқаи зар,
Ман дур зи ту чу ҳалқа бар дар.
Ман карда дуруштиву ту нармӣ,
Аз ман ҳама сардӣ, аз ту гармӣ.
Лафзе ба муроди ту нагуфтам,
Як шаб ба канори ту нахуфтам.
Ту дар ғами ҷони ман ба сад дард,
Ман гирди ҷаҳон гирифта новард.
Ту бистари ман зи гард руфта,
Ман рафта, ба тарки хоб гуфта.
Ту базми нишоти ман ниҳода,
Ман бар сари санге уфтода.
Ту гуфта дуо в-асар накарда,
Ман кишта дарахту бар нахӯрда.
Ҷондӯстии туро ба ҳар дам
Ёд ораму ҷон барорам аз ғам.
Бар ҷома зи дида нил пошам,
То кӯру кабуд ҳарду бошам!
Оҳ, эй падар, оҳ, аз он чи кардам,
Як дард на, бо ҳазор дардам,
Озурдамат, эй падар, на бар ҷой,
Вой, ар биҳилам намекунӣ, вой!
Озори ту роҳи мо магирод,
Моро ба гуноҳи мо магирод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо