Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сайёд чу дид бар гузар шер,
Бикшод дар ӯ забон чу шамшер,
Пурсид варо чу сӯгворон,
К-эй дур зи аҳли байту ёрон,
Фориғ, ки зи пеши ту пасе ҳаст,
Ё ҷуз Лайлӣ туро касе ҳаст,
Н-аз модару н-аз падар ба ёдат,
Бешарм касӣ, ки шарм бодат,
Чун ту халафе ба хок беҳтар,
К-аз нохалафӣ бароварӣ сар!
Гирам, зи падар ба зиндагонӣ
Дурӣ талабидӣ аз ҷавонӣ,
Чун мурд падар, туро бақо бод,
Охир, кам аз он, ки ориаш ёд!
Оӣ ба зиёраташ замоне
В-орӣ зи тараҳҳумаш нишоне,
Дар пӯзиши турбаташ паноҳӣ,
Узре зи равони ӯ бихоҳӣ!
Маҷнун зи навои он каҷоҳанг
Нолиду хамид рост чун чанг,
Худро зи дареғ бар замин зад,
Бисёр тапонча бар ҷабин зад,
З-орому қарор гашт холӣ,
То гӯри падар давид ҳолӣ.
Чун шӯшаи турбати падар дид,
Алмоси шикаста дар ҷигар дид,
Бар турбаташ уфтод беҳуш,
Бигрифташ чун ҷигар дар оғӯш.
Аз дӯстии равони покаш
Тар кард ба оби дида хокаш.
Гаҳ хоки варо гирифт дар бар,
Гаҳ кард зи дард хок бар сар.
Зиндонии рӯзро шаб омад,
Бемори шабонаро таб омад.
Ӯ худ ҳамасола дар ситам буд,
К-аз гоми нахуст асири ғам буд,
Он кас, ки асири бим гардад,
Чун бошад, чун ятим гардад?
Навмед шуда зи дастгирӣ,
Бо зулли ятимиву асирӣ,
Ғалтид бар он замин замоне,
Меҷуст зи ҳамнишин нишоне,
Чун ғамхури хешро намеёфт,
Аз ғам хӯрдан инон наметофт.
Чандон зи мижа сиришки хун рехт,
К-андоми замин ба хун баромехт,

пешина
аз 349
навбатӣ