Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Некӣ куну аз бадӣ маандеш,
Нек ояд некро фаро пеш.
Бад бо ту накард, ҳар ки бад кард,
К-он бад ба яқин ба ҷои худ кард.
Некӣ бикуну ба чаҳ дарандоз,
К-аз чаҳ ба ту рӯй баркунад боз.
Ҳар неку баде, ки дар навоест,
Дар гунбади оламаш садоест.
Бо кӯҳ касе, ки роз гӯяд,
Кӯҳ он чи шунид, бозгӯяд.
Дар чархи баланд, агар баландӣ,
Мекун назаре ба ҳушмандӣ,
Кас сар зи фалак бадар набурдаст
1
В-ин руқъа касе ба сар набурдаст.
2
Арродаву манҷаниқу ғазбон
Бар ҳисни фалак ниҳод натвон,
К-ӯ дур чунон шудаст аз ин хок,
К-аз таънаи хок бошадаш бок.
Мастона мабин дар ин амалгоҳ,
К-афтода чу ту басест дар чоҳ.
Пиндоштаӣ, бад-ин дарозӣ
Ҳаст ин намат аз барои бозӣ.
То з-ин чоҳат бурун наоранд,
Доим расанат фурӯ гузоранд.
3
Ло валлаҳ, к-ин бисоти маъмур
Натъест, ки нест қатъ аз ӯ дур.
Ҳар ҷо, ки иморате биёбӣ,
Бошад пасу пеши ӯ харобӣ
В-он ҷо, ки харобаест пайваст,
Ҳам расми иморате дар ӯ ҳаст,
Дар ҳеҷ деҳ аз харобу обод
Боқӣ наниҳодаанд бунёд!

ОГОҲИИ МАҶНУН АЗ МАРГИ ПАДАР

Рӯзе зи қазо ба вақти шабгир Мерафт шикорие ба нахчир,
4 Бар наҷд нишаста буд Маҷнун, Чун бар сари тоҷ дурри макнун.

1 Пораи матоъ ё коғаз, ки бар он чизе нависанд. Дар ин ҷо шояд ба маънои сарнавишт бошад.
2 Силоҳҳои қадимаи ҷангӣ.
3 На, қасам ба Худо.
Замини баланд, хилофи ғавр; мулке дар Араб; дар ин ҷо шояд бештар ба маънии ранҷ омада бошад.

пешина
аз 349
навбатӣ