Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дар косаш нест ҷуз ҷигар чиз
В-аз паҳлуи мост он ҷигар низ.
Бо ҳар ки дар ин ҷаҳон нишинӣ,
Хоҳӣ, ки бибиниаш, набинӣ.
Ин девкада на ҷои майл аст,
Бархез, ки раҳгузори сайл аст.
Хурмодаҳанист хори дарбӯс,
Афсӯс, ки ҳаст ҷои афсӯс.
Сарви ту дар ин чаман дареғ аст,
К-обаш намаку гиё-ш теғ аст.
То чанд ғами замона хӯрдан,
Тозидану тозиёна хӯрдан,
Олам хуш хур, ки олам ин аст,
Ту дар ғами оламӣ, ғам ин аст.
Дузде, ки бувад зи даст боло,
Гавҳар барад аз миёни коло,
Он мор бувад, на марди чолок,
К-ӯ ганҷ раҳо кунад, хурад хок.
Хуш хур, ки гули ҷаҳонфурӯзӣ,
Чун мор мабош хокрӯзӣ.
Умр аст ғараз, ба умр дарпеч,
Чун умр намонд, гӯ, мамон ҳеч.
Сим арчи салоҳи хубу зиштист,
Лангаршикани ҳазор киштист.
Чун чаҳ маситон, мадор дар чанг,
Бистону бидеҳ чу осиёсанг.
Чун бистонӣ, бибоядат дод,
К-аз доду ситад ҷаҳон шуд обод.
Гаҳ дуктарош бошу битрош,
Гаҳ тиртарош низ мебош.
Чун борат нест, боҷ набвад,
Бар вайронӣ хироҷ набвад.
Фориғ манишин ба ҳеч ҷое,
Мезан ба дурӯғ даступое.
Ғофил магузар ба ҳеч кӯе,
Мекун ба нифоқ ҳойуҳӯе.
Афсурда касест марди бекор,
Ҳар пуштбурида бод бебор!
З-онон, ки ҷаниба бо ту ронданд,
Бингар ба ҷарида, то кӣ монданд.
Рафтанд каёну динпарастон,
Монданд ҷаҳон ба зердастон.
Ин қавм киёну он каёнанд.
Бар ҷои каён, нигар, киёнанд?!
Ҳампояи он сарон нагардӣ,
Илло ба тариқи некмардӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо