Ҳафтахтар Ҷилди 3

То ғусли кафан кунам бад-он об,
Дар маҳди сафар хушам барад хоб.
Ин бозпасин дами раҳил аст,
Дар дида ба ҷои сурма мил аст.
Дар бар гирам, на ҷои ноз аст,
То тӯша кунам, ки раҳ дароз аст.
З-ин олам рахт барниҳодам,
Дар олами дигар уфтодам.
Ҳам дур наям зи олами ту,
Мемираму мехурам ғами ту!
Бо ин ки чу дида нозанинӣ,
Падруд, ки дигарам набинӣ,
Падруд, ки рахти роҳ бастам,
Дар киштии рафтагон нишастам,
Падруд, ки бор барниҳодам,
Дар қабзи қиёмат уфтодам,
Падруд, ки хешӣ аз миён рафт,
Мо дер шудему корвон рафт,
Падруд, ки азми кӯч кардам,
Рафтам на чунон, ки бозгардам!
Чун аз сари ин дуруд бигзашт,
Падрудаш карду бозпас гашт,
Омад ба сарои хеш ранҷур,
Наздик бад-он, ки ҷон шавад дур.
Рӯзе ду зи рӯи нотавонӣ
Мекард ба ғусса зиндагонӣ,
Ногаҳ аҷал аз камин бурун тохт,
Носохта кор, кори ӯ сохт.
Мурғи фалакӣ бурун шуд аз дом,
1
Дар мақъади сидқ ёфт ором.
Аршӣ ба таноби арш зад даст,
Хокӣ ба нишеби хок пайваст!
Осуда касест, к-ӯ дар ин дайр
Н-осуда бувад чу Моҳ дар сайр,
Дар хонаи ғам бақо нагирад,
Чун барқ бизояду бимирад.
Дар манзили олами сипанҷӣ
Осуда мабош, то наранҷӣ.
Он кас, ки дар ин деҳаш мақом аст,
Осудадилӣ бар ӯ ҳаром аст.
Он мард, к-аз ин ҳисор ҷон бурд,
Он мурд дар ин, на ин дар он мурд.
Девест ҷаҳон, фариштасурат,
Дар банди ҳалоки ту зарурат,
Ҷои нишаст, ҷои қарор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо