Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: эй шарафи баландномон,
Бар пои дадон кашида домон,
Оҳу ба дили ту меҳр дода,
Бар хатти ту шер сар ниҳода,
Соҳибхабарам зи ҳар тариқе,
Яъне, ба рафиқе аз рафиқе.
Дорам сухане нуҳуфта бо ту,
Он гуна, ки кас нагуфта бо ту.
Гар рухсати гуфтан аст, гӯям,
Варна суи роҳи хеш пӯям!
Ошиқ, чу шунид умедворӣ,
Гуфто, ки биёр, то чи дорӣ!
Пайғомгузор дод пайғом,
К-эй толеъи тавсанат шуда ром,
Дӣ бар гузари фалон ватангоҳ
Дидам санаме, нишаста чун Моҳ,
Моҳеву чи Моҳ, Офтобе
Бар Моҳи вай аз қасаб ниқобе!
Сарве, на чу сарви боғ бебар,
Боғе, на чу боғи хулд бедар.
Ширинсухане, ки чун сухан гуфт,
Бар лафзи чу обаш об мехуфт.
Оҳучашме, ки чашми оҳу-ш
Медод ба шер хоби харгӯш.
Зулфи сияҳаш ба шакли ҷиме,
Қаддаш чу алиф, даҳон чу миме,
Яъне, ки чу бо ҳуруфи ҷомам
Шуд ҷоми ҷаҳоннамой номам.
Чашмаш чу ду наргиси пур аз хоб
Руста ба канори чашмаи об.
Абрӯи батоқи ӯ ба ҳам ҷуфт,
Ҷуфт омадаву ба тоқ мегуфт.
Ҷодуманише ба дил рабудан,
Райҳоннафасе ба атр судан.
Алқисса, чи гӯям, ончунон чуст,
К-аз дида баромад, аз нафас руст!
Аммо қадаре зи меҳрубонӣ
Пазруфта нишони нотавонӣ,
Тираш сифати камон гирифта,
Ҷазъаш зи гуҳар нишон гирифта.
1
Най гашта қазиби хайзаронӣ-ш,
Хайрӣ шуда ранги арғувонӣ-ш,
Хайрӣ-ш на зард, балки зар буд,
Най буд, валек найшакар буд!

Шохаи дарахт.

пешина
аз 349
навбатӣ