Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Султони рухат ба чатри мушкин
Ҳам мулки Ҳабаш гирифту ҳам Чин.
Аз хубии чеҳраи чунин ёр
Душвор тавон бурид, душвор!
Тадбири дигар ҷуз ин надонам,
К-ин ҷон ба сари ту барфишонам,
Озарму вафои ту гузинам,
Дар ҷавру ҷафои ту набинам,
Ҳам бо ту шикебро диҳам соз,
То умр куҷо инон кашад боз!

РАФТАНИ ПАДАРИ МАҶНУН
БА ДИДАНИ ФАРЗАНД

Деҳқони фасеҳи порсизод
Аз ҳоли араб чунин кунад ёд,
К-он пири писар бабод дода,
Яъқуби зи Юсуф уфтода
Чун Маҷнунро рамидадил дид,
З-оромиши ӯ умед бибрид.
Оҳе ба шиканҷа дарҷ мекард,
Умре ба умед харҷ мекард.
Н-осуд зи чора бозҷустан,
Зангӣ хутанӣ нашуд ба шустан.
Бисёр давиду мол пардохт,
Иқбол бар ӯ назар наандохт.
З-он дардрасида гашт навмед,
К-уммеди беҳӣ надошт ҷовид.
Дар гӯша нишасту сохт тӯша,
1
То кай расадаш чаҳоргӯша.
Пириву заифиву забунӣ
Кардаш ба раҳил раҳнамунӣ.
Танг омад аз ин сарочаи танг,
Шуд нойи гулӯ-ш чун дами чанг.
Тарсид, к-аҷал ба сар дарояд,
Бегона касе зи дар дарояд,
Бигрифт асо чу нотавонон,
Бардошт тане ду аз ҷавонон,
Шуд боз ба ҷустуҷӯи фарзанд,
Бар ҳар чи кунад Худой, хурсанд.
Баргашт ба гирди кӯҳу саҳро,
Дар реги сиёҳу дашти хазро,
Мезад баумед дасту пойе,
Аз вай асаре надид ҷойе,

Шояд ба маънои гӯр бошад.

пешина
аз 349
навбатӣ