Ҳафтахтар Ҷилди 3

Фаррух набувад шикастани аҳд,
Андеша кун аз шикастани маҳд.
Гул то нашикаст аҳди гулзор,
Нашкаст замона дар дилаш хор.
Май то нашикаст рӯи авбош,
Дар номшикастагӣ нашуд фош.
Шаб то нашикаст Моҳро ҷом,
Бо рӯи сияҳ нашуд саранҷом.
Дар ту ба чи дил умед бандам
В-аз ту ба чи рӯй бозхандам,
К-он ваъда, ки пай дар ӯ фишурдӣ,
Умрам шуду ҳам ба сар набурдӣ.
Ту он накунӣ, ки ман шавам шод
В-он кас на манам, ки н-орамат ёд.
Бо он ҳама ранҷ, к-аз ту санҷам,
Ранҷида шавам, гар аз ту ранҷам.
Ғам дар дили ман чунон нишондӣ,
К-озарм дар он миён намондӣ.
Он рӯй на, к-ошно-т хонам
В-он дил на, ки бевафо-т донам.
Оҷиз шудаам зи хӯи хомат,
К-охир чи тавон ниҳод номат?
Бо ин ҳама ҷаврҳо, ки ронӣ,
Ҳам қуввати ҷисму қути ҷонӣ.
Бедоди ту гарчи умркоҳ аст,
Зебоии чеҳра узрхоҳ аст.
Онро, ки чунон ҷамол бошад,
Хуни ҳама кас ҳалол бошад!
Рӯзӣ туву ман чароғи дилреш,
Беҳ з-он набувад, ки мирамат пеш!
Маҳ гар шакарин бувад, ту Моҳӣ,
Шаҳ гар ба ду рух бувад, ту шоҳӣ!
Гул дар қасабиву лола дар хаз,
1
Ширину разин чу шираи раз.
Гар оташ бинадат бад-он нур,
Обаш ба даҳон дарояд аз дур.
Боғ арчи гулу гулоладор аст,
Аз акси рухат наволахор аст.
Атлас, ки қабои лаъли шоҳист,
Бо қирмизии рухи ту коҳист.
З-абрӯи ту ҳар хаме хаёлест,
Ҳар як шаби идро ҳилолест.
Гар уд на сандали сапед аст,
Бо сурхгули ту сурхбед аст.
Ток, ангур.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо