Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То оқибаташ яке нишон дод,
К-инак ба фалон уқубатобод
Ҷоеву чи ҷой, чун мағоке,
Монандаи гӯр ҳавлноке,
Чун абри сиёҳ зишту нохуш,
Чун нафти сапед кони оташ.
Раҳ пеш гирифт пири мазлум,
Якрӯза давид то бад-он бум,
Дидаш, на чунон, ки дида мехост,
К-он дид, дилаш зи ҷой бархост:
Бешахс раванда дид ҷоне,
Дар пӯст кашида устухоне,
Оворае аз ҷаҳони ҳастӣ,
Мутвории роҳи бутпарастӣ,
Чӯбе ба хаёл бозбаста,
Мӯе зи даҳони марг раста,
Бар рӯи замин зи саг давонтар
В-аз зеризаминиён ниҳонтар,
Деги ҷасадаш зи ҷӯш рафта,
Афтода зи пову ҳуш рафта,
Монандаи мори печдарпеч
Печида сар аз кулоҳу сарпеч,
Аз чарми дадон ба дастворе
Бар ноф кашида чун изоре!
Оҳиста фароз рафту биншаст,
Молид ба рифқ бар сараш даст,
Хуни ҷигар аз ҷигар барангехт,
Ҳам бар ҷигар аз ҷигар ҳамерехт.
Маҷнун чу кушод дидаро боз,
Шахсе бари хеш дид дамсоз.
Дар рӯи падар назора мекард,
Нашнохт в-аз ӯ канора мекард.
Он к-ӯ худро кунад фаромӯш,
Ёди дигарон куҷо кунад гӯш!
Гуфто: чи касӣ, зи ман чи хоҳӣ,
1
Эй ман раҳии ту, аз чи роҳӣ?
Гуфто: падари туам бад-ин рӯз,
Ҷӯёни ту бо дили ҷигарсӯз!
Маҷнун чу шинохташ, ки ӯ кист,
Дар пои вай уфтоду бигрист,
Аз ҳарду сиришки дида бикшод,
Ин бӯса бад-ину он бад-ин дод.
Карданд зи рӯи беқарорӣ
Бар худ ба ҳазор навҳа зорӣ.

Банда, ғулом.

пешина
аз 349
навбатӣ