Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мегуфт ба хотир он дилафрӯз
«Ал-айш», ки ёри мост пирӯз!
Омад падараш забонкушода,
Бар фарқ амома каҷ ниҳода,
Баргуфт зи роҳи тезҳушӣ
Афсонаи он забонфурӯшӣ,
К-имрӯз чи ҳила нақш бастам,
То з-офати он рамида растам,
Бастам суханаш, ба об додам,
Якборагиаш ҷавоб додам.
Навфал, ки Худо ҷазо диҳодаш,
Кард аз дари мо худо диҳодаш!
Ӯ низ ба ҳаҷр гашт хурсанд,
Дандони тамаъ зи васл барканд.
Арризқу илаллаҳ аз чунон ёр,
Алминнату лиллаҳ аз чунин кор.
Лайлӣ зи падар бад-ин ҳикоят
Ранҷид чунон, ки бениҳоят,
Дар парда нуҳуфта оҳ медошт,
Парда зи падар нигоҳ медошт.
Чун рафт падар зи парда берун,
Шуд наргиси ӯ зи гиря гулгун.
Чандон зи раҳи ду дида хун ронд,
К-аз роҳи худ он ғубор биншонд.
Чун гумшуда дид ҳамтарозу,
Гаҳ даст газиду гоҳ бозу.
Мерехт зи дида хуни софӣ,
Мекард бар об ҳуллабофӣ.
Дод об зи наргис арғувонро,
Дар ҳавза кашид хайзаронро.
Аҳде на, ки қисса бозгӯяд,
Ёре на, ки чора бозҷӯяд.
Дар силсила бому дар гирифта,
Мезист чу мори саргирифта
В-аз ҳар тарафе насими кӯяш
Медод хабар зи лутфи бӯяш.
Бар суҳбати ӯ зи номдорон
Дилгарм шуданд хостгорон.
Ҳар кас ба вилоятеву моле
Меҷуст зи ҳусни ӯ висоле.
Аз дурталабони он хизона
Даллола ҳазор дар миёна.
Ин даст кашида, то барад маҳд,
Он сина кушода, то хурад шаҳд.
Ӯро падар аз бузургворӣ
Медошт чу дур дар устуворӣ

пешина
аз 349
навбатӣ