Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-он симтан аз камоли фарҳанг Он шиша нигоҳ дошт аз санг.
Мехурд вале ба сад мудоро Пинҳон ҷигару май ошкоро.
Чун шамъ ба ханда рух барафрӯхт, Хандиду ба зери ханда месӯхт.
Чун гул камари дурӯя мебаст Зӯбин дар пову шамъ бар даст, Мебурд зи рӯи созгорӣ Он лангеро ба роҳворе.
Аз муштариёни бурҷи он моҳ Сад Зуҳра нишаст гирди хиргоҳ.
Чун ибни Салом аз ин хабар ёфт, Бар ваъдаи шарткарда биштофт, Омад зи пайи арӯсхоҳӣ
1 Бо тоқу турунби подшоҳӣ.
Овард хизонаҳои бисёр,
2 Анбар ба ману шакар ба хирвор В-аз нофаи мушку лаъли конӣ Ороста барги армуғонӣ
34 В-аз баҳри фаришҳои зебо Чандин шутураш ба зери дебо
5 6 В-аз бухтиву тозиитаковар Чандон, ки надошт ақл бовар.
З-он зар, ки ба як ҷаваш ситезанд, Мерехт чунон, ки рег резанд.
Он зар на, ки он чу рег мебехт, Бар куштани хасм рег мерехт.
Карда ба чунон муруввате чуст Он хонаи регбумро суст, Рӯзе ду зи ранҷи раҳ баросуд, Қосид талабиду шуғл фармуд.
Ҷодусухане, ки кардӣ аз шарм Ҳангоми фиреб сангро нарм, Ҷонзиндакуне, ки аз фасеҳӣ Шуд мурдаи ӯ дами масеҳӣ, Бо пешкаше зи ҳар тароиф, Оварда зи Руму Чину Тоиф, Қосид бишуду хазинаро бурд, Як-як ба хазинадор биспурд

1
Карру фар, кибру ғурур.
2
Ченаки вазн.
3
Шутури навзоида.
4
Ҳарири нозук.
Шутури қавии хуросонӣ.
Аспи даванд.

пешина
аз 349
навбатӣ