Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дар зиндагиам дуруд н-орӣ,
Дасте ба сарам фуруд н-орӣ,
Дар куштагиам умеди он ҳаст,
К-орӣ ба баҳона бар сарам даст.
Гар теғ равон кунӣ бад-ин сар,
Қурбони худам кунӣ бад-ин дар.
Исмоилие зи худ бисанҷам,
Исмоилиям, агар биранҷам!
Чун шамъ дилам фурӯғнок аст,
Гар бозбурӣ сарам, чи бок аст?
Шамъ аз сари дарди сар кашидан
Беҳ гардад вақти сар буридан,
Дар пои ту беҳ, ки мурда бошам,
То зиндаву бе ту ҷон харошам!
Чун нест маро бари ту роҳе,
З-ин пас ману гӯшаеву оҳе.
Сар додаву оҳ барнаорам,
То пеши ту дарди сар наорам.
Гӯӣ, зи ту дарди сар ҷудо бод,
Дард они ман аст, сар туро бод!
Ин гуфту зи ҷой ҷаст чун тир,
Девона шуду бурид занҷир,
Аз кӯҳаи ғам шукӯҳ бигрифт,
Чун кӯҳагирифта кӯҳ бигрифт.
Бар Наҷд шуду нафир мезад,
Бар худ зи тапонча тир мезад.
Хешон чу аз ӯ хабар шуниданд,
Рафтанду надиданӣ бидиданд.
Ҳам модару ҳам падар дар он кор
Навмед шуданд аз ӯ ба якбор.
Бо кас чу намешуд орамида,
Гуфтанд ба тарки он рамида,
К-ӯро шуда дар харобу обод
Ҷуз ному нишони Лайлӣ аз ёд.
Ҳар кас, ки бад-ӯ ҷуз ин сухан гуфт,
Ё тан зад, ё гурехт, ё хуфт.
ДОДАНИ ПАДАР ЛАЙЛИРО БА ИБНИ САЛОМ
Ғаввоси ҷавоҳири маъонӣ Кард аз лаби худ гуҳарфишонӣ, К-он рӯз, ки Навфал он зафар ёфт,
1 Лайлӣ ба виқоя-дар хабар ёфт.
Дар ниҳон, пинҳонӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо