Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар ҷо, ки расиду мардумон дид,
Бигрист яке, яке бихандид.
Хандид касе, ки буд ғофил,
Бигрист касе, ки буд оқил.
Ӯ дода ризо ба захм хӯрдан,
Занҷир ба пову ғул ба гардан.
Чун бар дари хаймае расидӣ,
Мастона суруд баркашидӣ,
«Лайлӣ!» - гуфтиву санг хӯрдӣ,
Дар хӯрдани санг рақс кардӣ.
Чун чанд ҷафо-ш бар сар овард,
Гирди дари Лайлиаш баровард,
Чун боде аз он чаман бар ӯ ҷаст,
Бар хоки чаман чу сабза биншаст,
Бигрист бар он чаман ба зорӣ
Чун дидаи абри навбаҳорӣ,
Сар мезад бар замину мегуфт,
К-эй ман зи ту тоқу бо ғамат ҷуфт,
Муҷримтар аз он шудам дар ин роҳ,
К-озод шавам зи банду аз чоҳ!
Инак, сару пой ҳар ду дар банд,
Гаштам ба уқубати ту хурсанд,
Гар з-он ки намудаам гуноҳе,
Маъзур наям ба ҳеҷ роҳе.
Ман ҳукмкашу ту ҳукмронӣ,
Таъдиб кунам, чунон ки донӣ!
Мангар ба масофи теғу тирам,
Дар пеши ту, бин, ки чун асирам.
Гар тохтане ба латма кардам,
Аз латмаи хеш захм хӯрдам.
Гар дӣ гунаҳе намуд поям,
Имрӯз расанбагардан оям.
Гар дасти шикаста шуд камонгир,
Инак, ба шиканҷа зери занҷир.
З-он ҷурм, ки пеш аз ин намудам,
Бисёр ҷиноят озмудам,
Мапсанд маро чунин ба хорӣ,
Гар мекушиам, бикуш, чи дорӣ?
Гар ҷуз ба ту маҳкам аст бехам,
Баркаш чу салиби чормехам!
Эй, к-аз ту вафост бевафоӣ,
Пеши ту хатост бехатоӣ,
Ман бо ту чу нестам хатокор,
Худро ба хато кунам гирифтор,
Бошад, ки вафое ояд аз ту,
Ё тири хатое ояд аз ту.

пешина
аз 349
навбатӣ