Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шуд навҳакунон даруни ғоре
Чун моргазида сусморе.
Аз баҳри ду дида гавҳар афшонд,
Биншаст зи пову мавҷ биншонд.
Печид чунон, ки бар замин мор,
Ё бар сари оташ афканӣ хор.
То рӯз нахуфт аз оҳ кардан
В-аз нома чу шаб сиёҳ кардан.

ОЗОД КАРДАНИ МАҶНУН ГАВАЗНОНРО

Чун субҳ ба фоли некрӯзӣ
Барзад алами ҷаҳонфурӯзӣ,
Абрӯи ҳабаш ба чин даромад,
К-оинаи чин зи чин баромад.
Он оинаи хаёл дар чанг
Чун оина буд, лек дар занг.
Бархост, чунон ки буд аз оташ,
Чун дуди абир бӯи ӯ хуш.
Раҳ пеш гирифт байтхонон,
Бардошта бонги меҳрубонон,
Мерафту ба дида роҳ меруфт,
1
«Мошоаллоҳу кона» мегуфт.
Ногоҳ расид дар мақоме,
Андохта дид боз доме,
Дар дом гавазне уфтода,
Гардан зи расан ба теғ дода.
Сайёд бар он гавазни гулранг
Оварда чу шери шарза оҳанг,
То бе гунаҳе-ш хун бирезад,
Хуне, ки чунин, аз ӯ чи хезад?
Маҷнун чу расид пеши сайёд,
Бикшод забон чу неши фассод,
К-эй чун саги золимон забунгир,
Дом аз сари оҷизон бурун гир!
Бигзор, ки ин асири бандӣ
Рӯзе ду кунад нишотмандӣ,
З-ин ҷуфтаи хун карона гирад,
Бо ҷуфти худ ошёна гирад,
Он ҷуфт, ки имшабаш биҷӯяд,
Аз гум шуданаш туро чи гӯяд,
К-эй он ки туро зи ман ҷудо кард,
Маъхуз мабод ҷуз бад-ин дард,

Он чи Худо хоста буд.

пешина
аз 349
навбатӣ