Ҳафтахтар Ҷилди 3

Сайёди ту рӯзи хуш мабинод,
Яъне, ки ба рӯзи ман нишинод!
Гар тарсӣ аз оҳи дардмандон,
Баркан зи чунин шикор дандон!
Ройи ту чи кардӣ, ар ба тақдир
Нахчир гар ӯ шудӣ, ту нахҷир?!
Шукронаи ин чи мепазирӣ,
К-ӯ сайд шуду ту сайдгирӣ?!
Сайёд бад-ин сухангузорӣ
Шуд дур зи хуни он шикорӣ.
Гуфто: накунам ҳалок ҷонаш,
Аммо надиҳам ба ройгонаш.
Ваҷҳи хуриши ман ин шикор аст,
Гар бозхарӣ-ш, вақти кор аст!
Маҷнун ҳама созу олати хеш
Барканду сабук ниҳод дар пеш.
Сайёд салеҳу соз бардошт,
Сайде сара диду сайд бигзошт.
Маҷнун суи он шикори дилбанд
Омад чу падар ба сӯи фарзанд,
Молид бар ӯ чу дӯстон даст,
Ҳар ҷо, ки шикаста дид, мебаст.
Сар то пояш ба каф бихорид,
З-ӯ гарду зи дида ашк борид,
Гуфт: эй зи рафиқи хештан дур,
Ту низ чу ман зи дӯст маҳҷур!
Эй пешрави сипоҳи саҳро,
1
Хиргоҳнишини кӯҳи хазро,
Бӯи ту зи дӯст ёдгорам,
Чашми ту назири чашми ёрам,
Дар сояи ҷуфт бод ҷоят
В-аз дом кушода бод поят!
Холӣ зи ту захми кинахоҳон,
Дур аз сари ту каманди шоҳон!
Дандони ту аз даҳонаи зар
Ҳам дар садафи лаби ту беҳтар!
Чарми ту, ки созманди зеҳ шуд,
Ҳам бар зеҳи ҷомаи ту беҳ шуд.
Ашки ту агарчи ҳаст тарёк,
Норехта беҳ чу заҳр бар хок.
Эй синакушои гарданафроз,
Дар сӯхтасинае бипардоз!
Донам, ки дар ин ҳисори сарбаст
З-он моҳи ҳисориат хабар ҳаст,
Сабз, сабзранг.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо