Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-он содасурини нозпарвард
Донӣ, ки ба захм нест дархурд
В-он нофа, ки мушки ноб дорад,
Хун рехтанаш чи об дорад
В-он пои латифи хайзаронӣ
Дархурди шиканҷа нест, донӣ
В-он пушт, ки бори кас насанҷад,
Бар пушти замин занӣ, биранҷад!
Сайёд бад-он нашид, к-ӯ хонд,
Ангушт гирифта дар даҳан монд,
Гуфто: сухани ту кардаме гӯш,
Гар фақр набудаме ҳамоғӯш,
Нахчири думоҳа қайдам ин аст,
Як хона иёлу сайдам ин аст!
Сайёд, бад-ин ниёзмандӣ
Озодии сайд чун писандӣ?
Гар бар сари сайд соя дорӣ,
Ҷон бозхараш, ки моя дорӣ!
Маҷнун ба ҷавоби он тиҳидаст
Аз маркаби худ сабук фурӯ ҷаст,
Оҳутаки хешро бад-ӯ дод,
То гардани оҳувон шуд озод.
Ӯ монду яке ду оҳуи хурд,
Сайёд бирафту борагӣ бурд.
Медод зи дӯстӣ, на з-афсӯс
Бар чашми сиёҳи оҳувон бӯс,
К-ин чашм агар на чашми ёр аст,
З-он чашми сиёҳ ёдгор аст!
Бисёр бар оҳувон дуо кард
В-он гоҳ зи доманаш раҳо кард.
Рафт аз пайи оҳувон шитобон,
Фарёдкунон дар он биёбон.
Бе кинаварӣ силоҳ баста,
Чун гул ба силоҳи хеш хаста.
Дар марҳалаҳои реги ҷӯшон
Гашта зи табаш чу деги ҷӯшон.
Аз дил ба ҳаво бухор дода,
Хорову қасаб ба хор дода.
Шаб чун қасаби сиёҳ пӯшид,
Хуршед қасаб зи моҳ пӯшид,
Он шефтаи маҳи ҳисорӣ
Чун тори қасаб шуд аз низорӣ,
З-он сон, ки ба ҳеҷ ҷустуҷӯе
Фарқаш накунад касе зи мӯе.
Шаб чун сари зулфи ёр торик,
Раҳ чун тани дӯстдор борик,

пешина
аз 349
навбатӣ