Ҳафтахтар Ҷилди 3

Онро, ки газад саги хатарнок,
Чун марҳам ҳаст, несташ бок
В-онро, ки даҳони одамӣ хаст,
Натвон ба ҳазор марҳамаш баст!
Чун ӯ варақе чунин фурӯ хонд,
Навфал ба ҷавоби ӯ фурӯ монд.
З-он чиразабони раҳматангез
Бахшоиш карду гуфт: бархез,
Ман гарчи саромади сипоҳам,
Духтар ба дили хуш аз ту хоҳам.
Чун менадиҳӣ, дили ту донад,
Аз ту ба ситам кӣ меситонад?
Ҳар зан, ки ба дасти зӯр хоҳанд,
1
Нон хушку асида шӯр хоҳанд.
Ман, к-омадам аз пайи дуоҳо,
Мустағниам аз чунин ҷафоҳо.
Онон, ки надими хос буданд,
Бо пир дар ин халос буданд,
К-он шефтахотири ҳаваснок
Дорад манише азим нопок.
Ҳар зан, ки ба чанги ӯ дарафтад,
Бадхӯ шавад ӯ, на дархур афтад.
Шӯридадиле чунин ҳавоӣ
Тан дарнадиҳад ба кадхудоӣ.
Бар ҳар чи диҳӣ-ш, агар наҷот аст,
Собит набувад, ки бесубот аст.
Мо дӣ зи барои ӯ ба новард,
Ӯ рӯй ба фатҳи душман овард.
Мо аз пайи ӯ нишонаи тир,
Ӯ дар рухи мо кашида такбир.
Ин нест нишони ҳушмандон,
Ӯ хоҳ ба гиря, хоҳ хандон.
Ин васлат агар фароҳам афтад,
Ҳам қуръаи фол бар ғам афтад.
Некӯ набувад зи рӯи ҳолат
Ӯ бо халалу ту бо хиҷолат.
Он беҳ, ки чу ному нанг дорем,
З-ин кори намуна чанг дорем!
Хоҳишгар аз ин ҳадис бигзашт,
Бо лашкари хеш бозпас гашт.
Маҷнуни шикастадил дар он кор
Дилхаста шуд аз газанди он хор,
Як навъ ҳалво.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо