Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гар духти маро биоварӣ пеш,
Бахшӣ ба камина бандаи хеш,
Розӣ шаваму сипос дорам
В-аз ҳукми ту сар бурун наорам
В-ар оташи тез барфурӯзӣ,
В-ӯро ба масал чу уд сӯзӣ
В-ар з-он, ки дарафканӣ ба чоҳаш,
Ё теғ кашӣ, кунӣ табоҳаш,
Аз бандагии ту сар натобам,
Рӯй аз сухани ту барнатобам!
Гар тозагули рабеъ бошам,
Фармони туро мутеъ бошам,
Аммо надиҳам ба дев фарзанд,
Девона ба банд беҳ, ки дар панд.
Сарсомиву нур чун бувад хуш,
Хошоку, наъузубиллаҳ, оташ!
Ин шефтарои ноҷавонмард
Беоқибат асту ройгонгард.
Хӯ карда ба кӯҳу дашт гаштан,
Ҷавлон задану ҷаҳон наваштан,
Бо номшикастагон нишастан,
Номи ману номи худ шикастан.
Дар аҳди ҳунар шикастакомӣ
Беҳ з-он, ки бувад шикастаномӣ!
Дар хоки Араб намонд боде,
К-аз духтари ман накард ёде.
Ноёфта дар забонаш афганд,
Дар сарзаниши ҷаҳонаш афганд.
Гар дар кафи ӯ ниҳӣ зимомам,
Бо нанг бувад ҳамеша номам.
Он кас, ки дами наҳанг дорад,
Беҳ з-он, ки бимонду нанг дорад.
Бадномии номи ман маяндӯз,
Ин рӯз бибин, битарс аз он рӯз.
Гар ҳеҷ расӣ маро ба фарёд,
Озод кунӣ, ки бодӣ озод!
Варна, ба Худо, ки бозгардам
В-аз нози ту бениёз гардам,
Буррам сари он арӯси чун моҳ,
Дар пеши саг афканам дар ин роҳ,
То бозраҳам зи ному нангаш,
Озод шавам зи сулҳу ҷангаш,
Фарзанди маро дар ин таҳаккум
Саг, беҳ, бихурад, ки девмардум!

пешина
аз 349
навбатӣ