Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Бар навфалиён хуҷаста шуд рӯз,
Гаштанд ба фоли саъд фирӯз.
Бар хасм заданду баршикастанд,
Куштанду бирехтанду хастанд.
Ҷуз хаста набуд, ҳар ки ҷон бурд
В-он низ, ки хаста буд, мемурд.
Пирони қабила хокбарсар
Рафтанд ба хокбӯси он дар,
Карданд басе хурӯшу фарёд,
К-эй довари доддеҳ, бидеҳ дод!
Эй пеши ту душмани ту мурда,
Моро ҳама кушта гиру бурда,
Аз куштани мо туро чи хезад,
Мардона зи мурда хун нарезад.
Бо мо ду-се хаста найзаву тир
Бар даст магиру дасти мо гир,
Як раҳ бинеҳ ин қиёмат аз даст,
К-охир, ба ҷуз ин қиёмате ҳаст!
То душмани ту силеҳ пӯшад,
Шамшери ту беҳ, ки боз кӯшад,
Чун хасм зи ту салоҳ резад,
Бо хасми фитода кӣ ситезад?
Мо, к-аз пайи ту сипар фигандем,
Гар афв кунӣ, ниёзмандем!
Пайғом ба тиру найза то чанд,
Бо бесипарон ситеза то чанд?
1
Ёбандаи фатҳ, к-он ҷазаъ дид,
Бахшуду гуноҳи рафта бахшид.
Гуфто, ки арӯс боядам зуд,
То гардам аз ин қабила хушнуд.
Омад падари арӯс ғамнок,
Чун хок ниҳода рӯй бар хок,
К-эй дар Араб аз бузургворӣ
Дархурди сариву тоҷдорӣ,
Маҷрӯҳаму пиру дилшикаста,
Дур аз ту ба рӯзи бад нишаста,
Дар сарзаниши араб фитода,
Худро «аҷамӣ» лақаб ниҳода.
Ин хун, ки зи шарҳ беш бинам,
Дар гардани бахти хеш бинам,
Хоҳам, ки дар ин гуноҳкорӣ
Симоб шавам зи шармсорӣ!

Бетоқатӣ.

пешина
аз 349
навбатӣ