Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Омад ба масофгоҳ аввал,
Душман шуда кӯр, балки аҳвал!

МАСОФ КАРДАНИ НАВФАЛ БОРИ ДУВУМ

Ганҷинакушои ин хазина
Сар боз кунад зи ганҷи сина,
К-он рӯз, ки Навфал он сипаҳ ронд,
Бинанда бад-ӯ шигифт дармонд.
Аз зилзилаи масофхезон
Шуд қуллаи Бӯқубайс резон.
Хасмон чу хурӯши ӯ шуниданд,
Дар ҳарб шуданду саф кашиданд.
Солори қабила бо сипоҳе
Баршуд ба сари назорагоҳе.
Саҳро ҳама найза диду ханҷар
В-офоқ гирифта мавҷи лашкар.
Аз наъраи кӯсу нолаи ной
Дил дар тани мурда мешуд аз ҷой.
Ройе на, ки ҷангро бисечад,
Рӯйе на, ки рӯй аз он бипечад.
З-он гуна, ки буд, пой бифшурд,
Сел омаду рахти бахтро бурд.
Қалби ду сипаҳ ба ҳам барафтод,
Ҳар теғ, ки рафт, бар сар афтод.
Аз хуни равон, ки рег мешуст,
Аз реги равон ақиқ меруст.
Дил монда шуд аз ҷигар даридан,
Шамшер хиҷил зи сар буридан.
Шамшер кашид Навфали гурд,
Мекард ба ҳамла кӯҳро хурд.
Месохт чу аждаҳо набарде,
Захмеву даме, дамеву марде.
Бар ҳар ки задӣ кудинаи гурз,
Бишкастӣ, агарчи будӣ Албурз.
Бар ҳар варақе, ки теғ рондӣ,
Дар дафтари ӯ варақ намондӣ.
Маҷнун - ба ҳамон ҳавасшумурдан,
Новардкунон - ба ҷонсупурдан.
Карданд набарде ончунон сахт,
К-аз арраи теғ тахта шуд тахт.
Ёрон чу кунанд ҳаминонӣ,
Аз санг бароваранд хонӣ.

Дубин, коҷ.

пешина
аз 349
навбатӣ