Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ин буд баландии кулоҳат,
Шамшер кашидани сипоҳат?!
Ин буд ҳисоби зӯрмандӣ-т
В-ин буд фусуни девбандӣ-т?
Ҷавлон задани самандат ин буд,
Андохтани камандат ин буд?
Ройат, ки хилофи ройи ман кард,
Некӯ ҳунаре ба ҷойи ман кард.
Он дӯст, ки буд саломдушман,
Кардӣ-ш кунун тамом душман
В-он дар, ки буд аз вафопарастӣ,
Бар ман ба ҳазор қуфл бастӣ!
Аз ёрии ту буридам, эй ёр,
Бурдӣ зеҳи кори ман, зиҳӣ кор!
Бас ришта, ки бигсилад зи ёрӣ,
Бас қоим, к-афтад аз саворӣ.
Бас тири шубон, ки дар таг афтод,
Бар гург фиканду бар саг афтод.
Гарчи карамат баландном аст,
Дар уҳдаи аҳд нотамом аст.
Он гаҳ ки чунин на хаста будам,
Беҳ з-ин ба ту пушт баста будам.
З-ин кишта чу ноумед будӣ,
К-он ҷо, ки накоштӣ, дурудӣ.
Бунёд ниҳодаӣ чу мардон,
Ҳам ту ба карам тамом гардон.
Торик дилам, ту рӯшноӣ
В-озурда танам, ту мӯмиёӣ!
Навфал, сипарафканон зи ҳарбаш,
Бинвохт ба рифқҳои чарбаш,
К-аз бемададиву бесипоҳӣ
Кардам ба фиреб сулҳхоҳӣ.
Акнун, ки ба ҷои худ расидам,
Н-аз теғи бурандахӯ буридам,
Лашкар зи қабилаҳо бихонам,
Пӯлод ба санг дарнишонам,
Наншинам, то ба захми шамшер
Ин ёва зи бом н-оварам зер!
В-он гаҳ зи Мадина то ба Бағдод
Дар ҷамъи сипоҳ кас фиристод,
Дар ҷустани кин зи ҳар диёре
Лашкар талабид рӯзгоре,
Овард ба ҳам сипоҳи анбӯҳ,
Пас парда кашид кӯҳ то кӯҳ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо