Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чун турраи ин кабудчанбар
Бар ҷабҳати рӯз рехт анбар,
З-ин гурҷии туррабаркашида
Шуд рӯз чу турра сарбурида.
Он ҳарду сипаҳ зи ҳам буриданд,
Бар маърака хобгаҳ гузиданд.
Чун мори сиёҳ муҳра барчид,
Заҳҳоки сапедадам бихандид,
Дар дасти муборизони чолок
Шуд найза ба сони мори Заҳҳок.
Дар гирди қабилагоҳи Лайлӣ
Чун кӯҳ расида буд-ш хайле,
Аз пешу паси қабила ёрон
Карданд басичи тирборон.
Навфал, ки сипоҳе ончунон дид,
Ҷуз сулҳ даре задан зиён дид.
Ангехт миёнҷие зи хешон,
То сулҳ диҳад миёни эшон,
К-ин ҷо на ҳадиси теғбозист,
Даллолагие ба дилнавозист.
Аз баҳри паризада ҷавоне
Хоҳам зи шумо паринишоне
В-аз хосаи хештан дар ин кор
Ганҷина фидо кунам ба хирвор.
Гар кардани ин амал савоб аст,
Ширинтар аз ин сухан ҷавоб аст
В-ар з-он ки шакар намефурӯшед,
Дар додани сирка ҳам накӯшед!
Чун рост намекунед коре,
Шамшер задан чарост боре?
Чун кард миёнҷӣ ин сароғоз,
Гашт он ду сипаҳ зи якдигар боз.
Чун хоҳиши якдигар шуниданд,
Аз кинакашӣ инон кашиданд.
Сулҳ омаду дурбош дар чанг,
То аз ду гурӯҳ дур шуд ҷанг.
ИТОБ КАРДАНИ МАҶНУН БО НАВФАЛ
Маҷнун, чу шунид бӯи озарм,
Кард аз сари кин кумайтро чарм,
Бо Навфали теғзан барошуфт,
К-эй аз ту расида ҷуфт бо ҷуфт!
Аҳсант, зиҳӣ, умедворӣ,
Беҳ з-ин набувад тамомкорӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо