Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-он кушта, ки буд зи хайли ёраш,
Мешуст ба чашми селбораш.
Карда сари найза з-ин тараф рост,
Сарнайзаи фатҳ аз он тараф хост.
Гар лашкари ӯ шудӣ қавидаст,
Ҳам тир бирехтиву ҳам шаст
В-ар ҷониби ёри ӯ шудӣ чир,
Ғурридӣ аз он нишот чун шер.
Пурсид яке, ки эй ҷавонмард,
К-аз дур занӣ чу чарх новард,
Мо аз пайи ту ба ҷонсупорӣ,
Бо хасм туро чарост ёрӣ?
Гуфто, ки чу хасм ёр бошад,
Бо теғ маро чӣ кор бошад?
Бо хасм набарди хун тавон кард,
Бо ёр набард чун тавон кард?
Аз маъракаҳо ҷароҳат ояд,
Ин ҷо ҳама бӯи роҳат ояд.
Маъшуқа чу бӯи ҷон фиристад,
Ошиқ ба иваз ҳамон фиристад.
Ӯ сурма фиристад аз ғуборам,
Ман санг задан чӣ заҳра дорам?
Ӯ дода ба ваъда ангубинам,
Ман сиркадиҳӣ раво набинам!
Он ҷониб дасти ёр дорад,
Кас ҷониби ёр хор дорад?
Майли дили меҳрубонам он ҷост,
Он ҷо, ки дил аст, ҷонам он ҷост,
Шарт аст ба пеши ёр мурдан,
З-ӯ ҷон ситадан, зи ман супурдан,
Чун ҷони худ инчунин супорам,
Бар ҷони шумо чи раҳмат орам?!
Пурсанда чу ҳол инчунин дид,
Бигрист, ба гиря дар замин дид.
Ӯ рақскунон ба зери гарде
Мекард бад-ин сифат набарде.
Навфал ба масоф теғ дар даст
Мегашт ба сони пили сармаст,
1
Мебурд ба ҳар тарида ҷоне,
Афганда ба ҳамлае ҷаҳоне.
Ҳар сӯ, ки тавоф зад, сар афшонд,
Ҳар ҷо, ки расид, ҷӯи хун ронд
В-он теғзанон, ки лоф ҷустанд,
То аввали шаб масоф ҷустанд,

Ҳамла.

пешина
аз 349
навбатӣ