Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарпанҷаи найзаи далерон
Панҷашикани шитоби шерон.
Мурғони хаданги тезрафтор
Бар хӯрдани хун кушода минқор.
Пӯлодаи теғи мағзполой
Сарҳои сарон фиканда бар пой.
Ғурридани тозиёни пурҷӯш
Кар карда сипеҳру Моҳро гӯш.
Аз соиқаи аҷал, ки меҷаст,
Пӯлод ба санг дарнамераст.
Зӯбини бало сиёсатангез,
Сар чун сари мӯи дайламон тез.
Хуршеди дурафш даҳзабона,
Чун субҳи дарида даҳнишона.
Гашта замӣ аз варам чу дарё,
Санг обиларӯй чун Сурайё.
Ҳар шери сиёҳи истода
Чун мори сияҳ даҳан кушода.
Шерони сиёҳ дар даридан,
Девони сапед дар давидан.
Ҳар кас ба масоф дар саворӣ,
Маҷнун ба ҳисоби ҷонсупорӣ.
Ҳар кас фарасе ба ҷанг меронд,
Ӯ ҷумла дуои сулҳ мехонд.
1
Ҳар кас талале ба теғ мекушт,
Ӯ хештан аз дареғ мекушт.
Мекард чу ҳоҷиён тавофе,
Ангехта сулҳе аз масофе.
Гар шарм наомадӣ-ш, чун меғ
Бар лашкари хештан задӣ теғ.
Гар таъназанаш маъоф кардӣ,
Бо мавкиби худ масоф кардӣ.
Гар хандаи душманон надидӣ,
Аввал сари дӯстон буридӣ.
Гар дастрасаш будӣ ба тақдир,
Бар ҳамсипарони худ задӣ тир.
Гар дил назадӣ-ш пойпуштӣ,
Пуштигари хешро бикуштӣ.
Мебуд дар ин сипоҳи ҷӯшон
Бар нусрати он сипоҳ кӯшон.
Ин ҷо ба талоя Рахш ронда
В-он ҷо ба язак дуо нишонда.
Аз қавми вай ар саре фитодӣ,
Бар дасти буранда бӯс додӣ

Ҷисм.

пешина
аз 349
навбатӣ