Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ороста карду рафт пӯён
Чун шери сиёҳ ҷангҷӯён.
Чун бар дари он қабила зад гом,
Қосид талабиду дод пайғом,
К-инак ману лашкаре чу оташ
Ҳозир шудаем тунду саркаш,
Лайлӣ ба ман оваред ҳолӣ,
Варна ману теғи лоуболӣ!
То ман ба навозише, ки донам,
Ӯро ба сазои ӯ расонам,
Ҳам куштаи ташна об ёбад,
Ҳам обрасон савоб ёбад!
Чун қосид шуд, паёми ӯ бурд,
Шуд шишаи меҳр дар миён хурд.
Доданд ҷавоб, к-ин на роҳ аст,
Лайлӣ на кулича, қурси Моҳ аст,
Касро суи моҳ дастрас нест,
На кори ту, кори ҳеҷ кас нест!
Ӯро чи барӣ, ки Офтоб аст,
Ту деви раҷиму ӯ шаҳоб аст.
Шамшер кашӣ, кашем дар ҷанг,
Қорура занӣ, занем бар санг!
Қосид чу шунид, ком-ноком
Бозомаду боздод пайғом.
Бори дигараш ба хашмнокӣ
Фармуд, ки пой дор хокӣ,
К-эй бехабарон зи теғи тезам,
1
Фориғ зи ҳаюни гармхезам,
Аз роҳи касе, ки мавҷи дарёст,
Хезед, вагарна фитна бархост!
Пайғомрасони ӯ дигар бор
Овард паёми носазовор.
Он хашм дар ӯ чунон асар кард,
К-оташ зи дилаш забон бадар кард.
Бо лашкари худ кашида шамшер,
Афтод дар он қабила чун шер
В-эшон ба ҳам омаданд чун кӯҳ,
Бардошта наърае ба анбӯҳ,
Бар навфалиён инон кушоданд,
Шамшер ба шер дарниҳоданд.
Дарёи масоф гашт ҷӯшон,
Гаштанд муборизон хурӯшон.
Шамшер зи хуни ҷом бар даст
Мекард ба ҷуръа хокро маст.

Шутур ё асп.

пешина
аз 349
навбатӣ