Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Моҳе ду-се дар нишоткорӣ
Карданд ба ҳам шаробхорӣ.

ИТОБ КАРДАНИ МАҶНУН БО НАВФАЛ

Рӯзе ду ба ду нишаста буданд,
Шодиву нишот мефузуданд.
Маҷнун зи шикояти замона
Байте ду-се хонд ошиқона,
К-эй фориғ аз оҳи дуднокам,
Бар боди фиреб дода хокам,
Сад ваъдаи меҳр дода бешӣ,
Бо ним вафо накарда хешӣ,
Пазруфта, ки пешат оварам нӯш,
Пазруфтаи хеш карда фармӯш,
Оварда маро ба дилфиребӣ,
Водода ба дасти ношикебӣ,
Додӣ-м забон ба меҳру пайванд
В-имрӯз ҳамекунӣ забонбанд,
Сад захми забон шунидам аз ту,
Як марҳами дил надидам аз ту,
Сабрам шуду ақл рахт барбаст,
Дарёб, вагарна рафтам аз даст,
Дилдории бедиле намудан
В-он гаҳ ба хилофи қавл будан
Дур уфтад аз бузургворӣ
Ёрон беҳ аз ин кунанд ёрӣ!
Қавле, ки дар ӯ вафо набинам,
Аз чун ту касе раво набинам.
Бе ёр манам заифу ранҷур,
Чун ташна зи оби зиндагӣ дур,
Шарт аст ба ташна об додан,
Ганҷе ба деҳи хароб додан,
Гар силсилаи маро кунӣ соз,
Варна шуда гир шефта боз.
Гар Лайлиро ба ман расонӣ
Варна на ману на зиндагонӣ!

ҶАНГ КАРДАНИ НАВФАЛ
БО ҚАБИЛАИ ЛАЙЛӢ

Навфал зи чунин итоби дилкаш
Шуд нарм чунон, ки мум аз оташ.
Барҷасту ба азми роҳ кӯшид,
Шамшер кашиду диръ пӯшид.
Сад марди гузини корзорӣ,
Парранда чу мурғ дар саворӣ,

пешина
аз 349
навбатӣ