Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

На сабр бувад, на хӯрду хобам,
То он чи талаб кунам, биёбам,
1
Лекин ба туам таваққуъе ҳаст,
К-аз шефтагӣ раҳо кунӣ даст,
Биншиниву сокинӣ пазирӣ,
Рӯзе ду-се дил ба даст гирӣ.
Аз ту дили оташин ниҳодан
В-аз ман дари оҳанин кушодан!
Чун шефта шарбате чунон дид,
Дар хӯрдани он наҷоти ҷон дид.
Осуду рамидагӣ раҳо кард,
Бо ваъдаи он сухан вафо кард.
Мебуд ба сабр пойбаста,
Обе зада, оташе нишаста.
Бо ӯ ба қароргоҳи ӯ тохт,
Дар сояи ӯ қароргаҳ сохт.
Гармоба заду либос пӯшид,
Ором гирифту бода нӯшид.
Бар расми араб амома дарбаст,
Бо ӯ ба шаробу рӯд биншаст.
Чандин ғазали латифпайванд
Гуфт аз ҷиҳати ҷамоли дилбанд.
Навфал ба сараш зи меҳрубонӣ
Мекард чу абр дурфишонӣ.
Чун роҳати пӯшишу хуриш ёфт,
Ороста шуд, ки парвариш ёфт.
Шуд чеҳраи зардаш арғувонӣ,
Болои хамида хайзаронӣ
В-он ғолиягун хати сиёҳаш
Паргор кашид гирди Моҳаш.
З-он гул, ки латофати нафас дод,
Бод он чи рабуд, бозпас дод.
Шуд субҳи мунир боз хандон,
Хуршед намуд боз дандон.
Занҷирии дашт шуд хирадманд,
Аз бандии хона дур шуд банд.
Дар боғ гирифт сабза ором,
Доданд ба дасти сурхгул ҷом.
Маҷнун ба сукунату гаронӣ
Шуд оқили маҷлиси маъонӣ
В-он меҳтари меҳмоннавозаш
Медошт ба сад ҳазор нозаш.
Бе талъати ӯ тараб намекард,
Май ҷуз ба ҷамоли ӯ намехӯрд.

Хоҳиш, талаб.

пешина
аз 349
навбатӣ