Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

К-имрӯз, ки рӯзи дастбурд аст,
Он бахт, ки хуфта буд, мурда-ст,
Дар бахти чу ман салимрое
Боистӣ, агар будӣ вафое!
Омад бари Навфал, об дар чашм,
Ҷӯшанда чу кӯҳи оташ аз хашм,
К-эй пой ба дӯстӣ фишурда,
Пазруфтаи худ ба сар набурда,
Дар субҳдаме бад-он сапедӣ
Додӣ-м ба рӯзи ноумедӣ,
Аз дасти ту сайди ман чаро рафт
В-он дастгирифтанат куҷо рафт?
Ташна-м ба лаби Фурот бурдӣ,
Нохӯрда, ба дӯзахам супурдӣ!
1
Шаккар зи қиматра баркушодӣ,
Шарбат кардӣ, вале надодӣ.
Бар хони табарзадам нишондӣ,
Бозам чу магас зи пеш рондӣ.
Чун охири ришта ин гиреҳ буд,
Ин ришта наришта, пунба беҳ буд!
Ин гуфту инон аз ӯ бигардонд,
Якаспа шуду дуаспа меронд.
Чандон, ки намуда шуд муроот,
К-инро беҳ аз ин бувад мукофот.
Тартиб кунам аз ин диёрат
Ҷуфте ҳунариву созгорат,
Боҳурмату ҳусну бохазина,
Симобсурину симсина,
То корат аз ӯ басоз гардад,
Давлат ба дари ту бозгардад!
З-ин гуна басе умед доданд,
Банд аз дили ӯ намекушоданд.
Гум кард пай аз миёни эшон,
Мерафт чу абр дилпарешон.
Мерехт зи дида об бар хок,
Бар заҳри кушанда рехт тарёк.
Навфал чу ба мулки хеш пайваст,
Бо ҳамнафасони хеш биншаст.
Маҷнуни ситамкашидаро хонд,
То дил диҳадаш, к-аз ӯ дилаш монд.
Ҷустанд басе дар он мақомаш,
Афтода буд аз ҷарида номаш.
Гум гаштани ӯ, ки нораво буд,
Огоҳ шуданд, к-аз куҷо буд.

Зарф барои нигоҳ доштани шакар.

пешина
аз 349
навбатӣ