Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нолид чу мурғи субҳгоҳӣ,
Рӯзаш чу шабе шуд аз сиёҳӣ,
Гуфт: эй варақи шиканҷдида,
Чун дафтари гул варақдарида,
Эй шефта, чанд беқарорӣ
В-эй сӯхта, чанд хомкорӣ!
Чашми кӣ расид дар ҷамолат,
Нафрини кӣ дод гӯшмолат,
Хуни кӣ гирифт гарданатро,
Хори кӣ халид доманатро,
Аз кор шудӣ, ки корат афтод,
Дар дида кадом хорат афтод?
Шӯрида бувад, на чун ту бадбахт,
Сахтӣ-ш расад, на инчунин сахт!
Монда нашудӣ зи ғам кашидан
В-аз таънаи душманон шунидан?
Дилсер нагаштӣ аз маломат,
Зинда нашудӣ бад-ин қиёмат?
Бас кун ҳавасе, ки пеш бурдӣ,
К-оби ману санги хеш бурдӣ!
Дар хиргаҳи кори хурдакорӣ
Айбест бузург беқарорӣ,
Айб арчи даруни пӯст беҳтар,
Оинаи дӯст дӯст беҳтар.
Оина зи рӯи рострӯӣ
Бинмояд айб, то бишӯӣ.
Оина зи хубу зишт пок аст,
12
Ин таъбия хоназоди хок аст.
Биншину зи дил раҳо кун ин дард,
Он беҳ, ки накӯбӣ оҳани сард.
Гирам, ки надорӣ он сабурӣ,
К-аз дӯст кунӣ ба сабр дурӣ,
Охир, кам аз он, ки гоҳ-гоҳе
Оиву ба мо кунӣ нигоҳе!
Ҳар кас ба ҳавои дил таке ронд,
Аз баҳри гурехтан таке монд.
Бе бода кифоят аст мастӣ,
Бе орзӯ орзӯпарастӣ!
Ту рафта, ба бод дода хирман,
Ман монда чунин ба коми душман.
То дар ману дар ту сиккае ҳаст,
Ин сиккаи бад раҳо кун аз даст.

Оростан; сохтани чизи ғариб.
Худӣ, дастпарвар, парварда.

пешина
аз 349
навбатӣ