Ҳафтахтар Ҷилди 3

Пурсид сухан зи ҳар шуморе,
Ҷуз хомушиаш надид коре.
Чун аз суханаш умед бардошт,
Бигзашту варо ба ҷой бигзошт.
З-он ҷо ба диёри ӯ гузар кард,
З-ӯ аҳли қабиларо хабар кард,
К-инак ба фалон харобии танг
Мепечад ҳамчу мор бар санг,
Девонаву дардманду ранҷур,
Чун дев зи чашми одамӣ дур.
Аз хӯрдани захм суфта ҷонаш,
Пайдо шуда мағзи устухонаш!
Бечора падар чу з-ӯ хабар ёфт,
Рӯ аз ватану қабила бартофт,
Мегашт чу дев гирди ҳар ғор,
Девонаи хешро талабгор.
1
Дидаш ба рифоқ, гӯшае танг
Афтодаву сар ниҳода бар санг,
Бо худ ғазале ҳамесиголид,
Гаҳ навҳа намуду гоҳ нолид.
Хуноби ҷигар зи дида резон,
Чун бахти худ уфтону хезон.
Аз бодаи бехудӣ чунон маст,
К-огаҳ на, ки дар ҷаҳон касе ҳаст.
Чун дид падар, салом додаш,
Пас дилхушии тамом додаш.
Маҷнун чу салобати падар дид,
Дар пои падар чу соя ғалтид,
К-эй тоҷи сару сарири ҷонам,
Узрам бипазир, нотавонам!
Мебину мапурс ҳолатамро,
Мекун ба қазо ҳаволатамро!
Чун хоҳам, чунки дар чунин сӯз
Чашми ту бибинадам бад-ин рӯз!
Аз омадани ту рӯсиёҳам,
Узрат ба кадом рӯй хоҳам?
Донӣ, ки ҳисоби кор чун аст,
Сарришта зи дасти мо бурун аст!
ПАНД ДОДАНИ ПАДАР МАҶНУНРО
Чун дид падар ба ҳоли фарзанд,
2
Оҳе бизаду амома бифканд,
Гӯшаи узлат, макони танҳоӣ.
Салла, дастор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо