Ҳафтахтар Ҷилди 3

Ту рӯд заниву ман занам рон,
Ту ҷома дариву ман дарам ҷон.
Ишқ ар зи ту оташе барафрӯхт,
Дил сӯхт туро, маро ҷигар сӯхт!
Навмед машав зи чора ҷустан,
К-аз дона шигифт нест рустан.
Коре, ки на з-ӯ умед дорӣ,
Бошад сабаби умедворӣ,
Дар навмедӣ басе умед аст,
Поёни шаби сияҳ сапед аст!
Бо давлатиён нишину бархез,
З-ин бахти гурезпой бигрез.
Овора мабод давлат аз даст,
Чун давлат ҳаст, коми дил ҳаст.
Давлат сабаби гиреҳкушоист,
Пирӯзаи хотами худоист,
Фатҳе, ки ба ду ҷаҳон кушоданд,
Дар домани давлаташ ниҳоданд.
Гар сабр кунӣ, ба сабр, бешак,
Давлат ба ту ояд андак-андак.
Дарё, ки чунин фарохрӯй аст,
Полоиши қатраҳои ҷӯй аст
В-он кӯҳи баланд, к-абрнок аст,
Ҷамъомада резаҳои хок аст.
Ҳон, то нашавӣ ба собирӣ суст,
Гавҳар ба диранг метавон ҷуст,
Берой машав, ки марди берой
Бепоя бувад чу кирми бепой.
Рӯбоҳ зи гург баҳра з-он бурд,
К-ин ройи бузург дорад, он хурд.
Дилро ба касе чи боядат дод,
К-ӯ н-оварадат ба солҳо ёд.
Ӯ бе ту чу гул, ту пой дар гил,
Ӯ сангдилу ту санг бар дил.
Гар бо ту ҳадиси ӯ бигӯянд,
Расвоии кори ту биҷӯянд.
Заҳрест ба қаҳри нафс додан
1
Каждумзадаро карафс додан.
Машғул шав, эй писар, ба коре,
То бигзарӣ аз чунин шуморе.
Ҳинду зи чи мағзи пил хорад,
То Ҳиндустон ба ёд н-орад.
Ҷониву азизтар зи ҷонӣ,
Дар хона бимон, ки хонумонӣ,
Давое нохушбӯйу тез, каждумгазида бихӯрад, бимирад («Ғиёс»).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо