Ҳафтахтар Ҷилди 3

Як шаб зи ҳазор шаб маро бош,
Як ройи савоб гӯ, хато бош.
Гардан макаш аз ризои ин кор,
Дар гардани ман хатои ин кор!
Ин камзадаро, ки ном кам нест,
Озарми ту ҳаст, ҳеҷ ғам нест.
Сафрои ту гар машомсӯз аст,
Лутфат зи пайи кадом рӯз аст?
Гар чашми ту оташе занад тез,
Обе зи сиришки ман ба ӯ рез!
Эй моҳи навам ситораи ту,
Ман шефтаи назораи ту.
Беҳ, гар ба туам наменавозанд,
К-ошуфтаву моҳи нав насозанд.
Аз соя нишони ту напурсам.
К-аз сояи хеш мебитарсам.
Ман кори туро ба соя дида,
Ту соя зи кори ман бурида.
Бурдӣ дилу ҷонам, ин чи шӯр аст,
Ин бозӣ нест, дасти зӯр аст.
Аз ҳосили ту, ки ном дорам,
Беҳосилии тамом дорам.
Бар васли ту гарчи нест дастам,
Ғам нест, чу бар умед ҳастам.
Гар бинад тифли ташна дар хоб,
К-ӯро ба сабӯи зар диҳанд об,
Лекин чу зи хоби хуш барояд,
Ангушт зи ташнагӣ бихояд.
Поям чу ду «лом» хампазир аст,
Дастам чу ду «ё» шиканҷагир аст.
Номи ту маро чу ном дорад,
К-ӯ низ ду «ё», ду «лом» дорад.
Ишқи ту зи дил ниҳоданӣ нест
В-ин роз ба кас кушоданӣ нест,
Бо шир ба тан фурӯ шуд ин роз,
Бо ҷон бадар ояд аз танам боз! -
Ин гуфту фитод бар сари хок,
Наззорагиён шуданд ғамнок,
Гаштанд ба лутф чорасозаш,
Бурданд ба сӯи хона бозаш.
Ишқе, ки на ишқи ҷовидонист,
Бозичаи шаҳвати ҷавонист.
Ишқ он бошад, ки кам нагардад,
То бошад, аз ин қадам нагардад.
Он ишқ на сарсарӣ хаёл аст,
К-ӯро абадулабад завол аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо