Ҳафтахтар Ҷилди 3

Эй бехабарон зи дарду оҳам,
Хезеду раҳо кунед роҳам,
Ман гумшудаам, маро маҷӯед,
Бо гумшудагон сухан магӯед!
То кай ситаму ҷафо кунедам,
Бо меҳнати худ раҳо кунедам.
Берун макунед аз ин диёрам,
Ман худ ба гурехтан саворам.
Аз пой фитодаам зи тадбир,
Эй дӯст, биёву дасти ман гир.
Ин хаста, ки дилсупурдаи туст,
Зинда ба ту беҳ, ки мурдаи туст.
Бинвоз ба лутфи як саломам,
Ҷон тоза намо ба як паёмам.
Девона манам ба ройу тадбир,
Дар гардани ту чарост занҷир?
Дар гардани худ расан маяфкан,
Ман, беҳ, бошам расанбагардан.
Зулфи ту дарид, ҳар чи дил дӯхт,
Ин пардадарӣ варо кӣ омӯхт?
Дил бурдани зулфи ту на зӯр аст,
Ӯ ҳиндуву рӯзгор кӯр аст!
Коре бикун, эй нишони корам,
З-ин чаҳ, ки фурӯ шудам, барорам.
Ё даст бигир аз ин фусӯсам,
Ё пой бидор, то бибӯсам.
Бекор наметавон нишастан,
Дар кунҷ хатост даст бастан.
Бе раҳматам инчунин чи мондӣ,
«Ирҳам-турҳам» магар нахондӣ?!
Осуда, ки ранҷ бар надорад,
Аз ранҷурон хабар надорад.
Сере, ки ниҳад гуруснаро хон,
Хурдак шиканад ба коса-дар нон.
Онрост хабар аз оташи гарм,
К-ӯ даст дар ӯ занад баозарм.
Эй ҳам ману ҳам ту одамизод,
Ман хори хасак, ту шохи шамшод.
Зарних чу зар куҷо азиз аст,
З-он як ман аз ин ба як пашиз аст!
Эй роҳати ҷони ман, куҷоӣ,
Дар бурдани ҷони ман чароӣ,
Ҷурми дили узрхоҳи ман чист,
Ҷуз дӯстият гуноҳи ман чист?!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо