Ҳафтахтар Ҷилди 3

Қарробаи ному шишаи нанг
Афтоду шикаст бар сари санг.
Шуд табли башоратам дарида,
Ман табли раҳил баркашида.
Гоҳам ба фусӯс маст хонанд,
Гаҳ ошиқи бутпараст хонанд.
Чун зар, манигар, ки гилпарастам,
Гулбардастам, на гилбадастам.
Турке, ки шикори ланги ӯям,
Омоҷгаҳи хаданги ӯям,
Ёре, ки зи ҷон мутеъам ӯро,
Дар додани ҷон шафеъам ӯро,
Гар мастам хонд ёр, мастам
В-ар шефта гуфт, низ ҳастам.
Чун шефтагиву мастиам ҳаст,
Дар шефта дил маҷӯю дар маст.
Ошуфта чунон наям ба тақдир,
К-осуда шавам ба ҳеҷ занҷир.
Вайрон на чунон шудаст корам,
К-ободии хеш чашм дорам.
Эй кош, ки бар ман уфтодӣ
Боде, ки маро ба бод додӣ.
Ё соиқае даромадӣ сахт,
Ҳам хона бисӯхтиву ҳам рахт.
Кас нест, ки оташе дарорад,
Дуд аз ману ҷони ман барорад.
Андозад дар дами наҳангам,
То бозраҳад ҷаҳон зи нангам.
Аз нохалафӣ, ки дар замона-м,
Девонаи халқу деви хона-м.
Хешони маро зи хӯи ман хор,
Ёрони маро зи номи ман ор.
Хунрези мани хароби хаста
2
Ҳаст аз дияту қасос раста.
Эй ҳамнафасони маҷлису рӯд,
Бадруд шавед ҷумла, бадруд,
К-он шишаи май, ки буд дар даст,
Афтода шуд, обгина бишкаст.
Гар дар раҳам обгина шуд хурд,
Сел омаду обгинаро бурд.
То ҳар ки ба ман расид ройаш,
Н-озорад аз обгина пойаш.
Қар(р)оба – шиша, ҷом.
Хунбаҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо