Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дурроъа дариду диръ ме-дӯхт,
Занҷир буриду банд ме-сӯхт.
Мегашт зи дур чун ғарибон,
Доман бидарида то гиребон.
Бар куштани хеш гашта волӣ,
3
«Ло ҳавла» аз ӯ ба ҳар ҳаволӣ.
Девонасифат шуда ба ҳар кӯй,
«Лайлӣ!», «Лайлӣ!»-занон ба ҳар сӯй.
Эҳромдарида, саркушода,
Дар кӯи маломат уфтода.
Бо неку баде, ки буд, дарсохт,
Нек аз баду бад зи нек нашнохт.
4
Мехонд нашиди меҳрубонӣ
5
Бар шавқи ситораи ямонӣ.
Ҳар байт, ки омад аз забонаш,
Бар ёд гирифт ину онаш.
Ҳайрон шуда ҳар касе дар он пай,
Медиду ҳамегирист бар вай.
Ӯ фориғ аз он, ки мардумӣ ҳаст,
Ё бар ҳарфаш касе ниҳад даст,
Ҳарф аз варақи ҷаҳон сутурда,
Мебуд на зиндаву на мурда.
Бар санг фитода хор чун гил,
Санги дигараш ниҳода бар дил.
Софитани ӯ чу дурд гашта,
Дар зери ду санг хурд гашта.
Чун шамъ ҷигаргудоз монда,
Ё мурғи зи ҷуфт бозмонда.
Дар дил ҳама доғи дарднокӣ,
Бар чеҳра ғуборҳои хокӣ.
Чун монда шуд аз азобу андӯҳ,
Саҷҷода бурун фиканд аз анбӯҳ.
Биншасту ба ҳой-ҳой бигрист,
К-овах, чи кунам, давои ман чист?!
Овора зи хонумон чунонам,
К-аз кӯй ба хона раҳ надонам!
На бар дари дайри худ паноҳе,
На бар сари кӯи дӯст роҳе,
1
Навъе болопӯш, яктаҳ.
2
Зиреҳ, ҷавшан.
3
Ҳеҷ тавоноие нест.
Тарона.
Суҳайл, ки нигаҳдорандаи Яман дониста мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо