Ҳафтахтар Ҷилди 3

Донӣ, ки араб чи айбҷӯянд,
Ин кор кунам, маро чи гӯянд?
Бо ман бикун ин сухан фаромӯш,
Хатм аст бар ину гашт хомӯш.
Чун омириён сухан шуниданд,
Ҷуз бозшудан даре надиданд.
Навмед шуда зи пеш рафтанд,
Озурда ба ҷои хеш рафтанд.
Ҳар як чу ғариби ғамрасида,
Аз роҳи забон ситамрасида,
Машғул бад-он ки ганҷ бозанд
В-он шефтаро илоҷ созанд
В-он гаҳ ба насиҳаташ нишонданд,
Бар оташ хор мефишонданд,
К-ин ҷо беҳ аз он арӯси дилбар
Ҳастанд бутони рӯҳпарвар,
Ёқутлабони дурбуногӯш,
Ҳам ғолияпошу ҳам қасабпӯш,
Ҳар як ба қиёс чун нигоре,
Оростатар зи навбаҳоре.
Дар пеши сад ошно, ки ҳастӣ,
Бегона чаро ҳамепарастӣ?
Бигзор, к-аз ин ҳуҷастаномон
Хоҳем туро буте хиромон,
Ёре, ки дили туро навозад,
Чун шаккару шир бо ту созад.
Лайлӣ на ки ҷони туст, хомӯш,
Он беҳ, ки варо кунӣ фаромӯш!
ЗОРӢ КАРДАНИ МАҶНУН
ДАР ИШҚИ ЛАЙЛӢ
Маҷнун чу шунид панди хешон, Аз талхии панд шуд парешон.
Зад дасту дарид пираҳанро, К-ин мурда чи мекунад кафанро?!
Он, к-аз ду ҷаҳон бурун кашад тахт, Дар пираҳане куҷо кашад рахт?!
1 Чун Вомиқ аз орзӯи Азро Гаҳ кӯҳ гирифту гоҳ саҳро.
Туркона зи хона рахт барбаст, Дар кӯчгаҳи раҳил биншаст.
Ҳам маъшуқаи Вомиқ ва ҳам ба маънии ошкоро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо