Ҳафтахтар Ҷилди 3

Дар манзили меҳр пай фишурданд
В-он нузл, ки буд, пеш бурданд.
Бо саййиди омирӣ ба як бор
Гуфтанд: чи ҳоҷат аст, пеш ор,
Мақсуд бигӯ, ки пос дорем,
Дар додани он сипос дорем.
Гуфто, ки муродам ошноист,
Он ҳам зи пайи ду рӯшноист
В-он гаҳ падари арӯсро гуфт,
К-ороста бод ҷуфт бо ҷуфт,
Хоҳам ба тариқи меҳру пайванд
Фарзанди туро зи баҳри фарзанд,
К-ин ташнаҷигар, ки регзод аст,
Бар чашмаи ту назар ниҳодаст.
Ҳар чашма, ки оби лутф дорад,
Чун ташна хурад, ба ҷон гуворад.
З-ин сон ки ман ин мурод ҷӯям,
Хиҷлат набарам, ба он чи гӯям.
Маъруфтарини ин замона
Донӣ, ки манам дар ин миёна.
Ҳам ҳашмату ҳам хазина дорам,
Ҳам олати меҳру кина дорам.
Ман дурхараму ту дурфурӯшӣ,
Бифрӯш матоъ, агар баҳушӣ.
Чандон ки баҳо кунӣ падидор,
Ҳастам ба зиёдатӣ харидор.
Ҳар нақд, ки он бувад баҳоӣ,
Бифрӯш, чу омадаш равоӣ!
Чун гуфта шуд ин ҳадиси фаррух,
Додаш падари арӯс посух,
К-ин гуфта на бар қарори хеш аст,
Мегӯ ту, фалак ба кори хеш аст!
Гарчи сухан обдор бинам,
Бар оташи тез кай нишинам.
Гар дӯстие дар ин шумор аст,
Душманкомӣ-ш сад ҳазор аст.
Фарзанди ту гарчи ҳаст бадром,
Фаррух набувад, чу ҳаст худком,
Девонагие ҳаменамояд,
Девона ҳарифи мо нашояд!
Аввал ба дуо инояте кун
В-он гаҳ зи вафо ҳикояте кун.
То ӯ нашавад дурустгавҳар,
Ин қисса нагуфтанист дигар!
Гавҳар ба халал харид натвон,
Дар ришта халал кашид натвон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо