Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар дам зи диёри хеш пӯён,
Бар Наҷд шудӣ сурудгӯён.
Ёре ду-се аз пас уфтода,
1
Чун ӯ ҳама уру саркушода.
Савдозадаи замона гашта,
Дар расвоӣ фасона гашта.
Хешон ҳама дар шикояти ӯ,
Ғамгин падар аз ҳикояти ӯ.
Пандаш доданду панд нашнид,
Гуфтанд фасона чанд, нашнид.
Панд арчи ҳазор судманд аст,
Чун ишқ омад, чи ҷои панд аст!
Мискин падараш бимонда дар банд,
Ранҷурдил аз барои фарзанд,
Дар пардаи он хаёлбозӣ
Бечора шуда зи чорасозӣ,
Пурсид зи маҳрамони хона,
Гуфтанд якояк ин фасона,
К-ӯ дил ба фалон арӯс додаст,
К-аз парда чунин бадар фитодаст.
Чун қисса шунид, қасди он кард,
К-аз чеҳраи гул фишонад он гард,
Он дур, ки ҷаҳон бад-ӯ фурӯзад,
Бар тоҷи муроди худ бидӯзад,
Он зинати қавмро ба сад зайн
Хоҳад зи барои қурратулъайн.
Пирони қабила низ яксар
Бастанд бад-он мурод маҳзар,
К-он дурри насуфтаро дар он суфт
Бо гавҳари тоқи худ кунад ҷуфт.
Якрӯя шуд он гурӯҳро рой,
К-оҳанги сафар кунанд аз он ҷой.
Аз роҳи никоҳ агар тавонанд,
Он шефтаро ба маҳ расонанд.
Чун саййиди омирӣ чунон дид,
Аз гиря гузашту бозхандид,
Бо анҷумане бузург бархост,
Кард аз ҳама рӯй барги раҳ рост.
Ороста бо чунон гурӯҳе
Мерафт ба беҳтарин шукӯҳе.
Чун аҳли қабилаи дилором
Огоҳ шуданд хос то ом,
Рафтанд бурун ба мизбонӣ,
Аз роҳи вафову меҳрубонӣ.

Урён, бараҳна.

пешина
аз 349
навбатӣ