Ҳафтахтар Ҷилди 3

Лайлӣ чу ситора дар аморӣ,
Маҷнун чу фалак ба пардадорӣ.
Лайлӣ калабанд боз карда,
Маҷнун гилаҳо дароз карда.
Лайлӣ зи хурӯш чангдарбар,
Маҷнун чу рубоб дастбарсар.
Лайлӣ на, ки субҳи гетиафрӯз,
Маҷнун на, ки шамъи хештансӯз.
Лайлӣ ба гузор боғ дар боғ,
Маҷнун, ғалатам, ки доғ бар доғ.
Лайлӣ чу Қамар ба равшанӣ чуст,
Маҷнун чу қасаб баробараш суст.
Лайлӣ ба дарахти гул нишондан,
Маҷнун ба нисори дур фишондан.
Лайлӣ, чи сухан, париваше буд.
Маҷнун, чи ҳикоят, оташе буд.
Лайлӣ сумани хазоннадида,
Маҷнун чамани хазонрасида.
Лайлӣ дами субҳ пеш мебурд,
Маҷнун чу чароғ пеш мемурд.
Лайлӣ ба карашма зулфбардӯш,
Маҷнун ба вафо-ш ҳалқабаргӯш.
Лайлӣ ба сабӯҳи ҷоннавозӣ,
Маҷнун ба самоъи хирқабозӣ.
Лайлӣ зи дарун паранд медӯхт,
Маҷнун зи бурун сипанд месӯхт.
Лайлӣ чу гули шукуфта меруст,
Маҷнун ба гулоб дида мешуст.
Лайлӣ сари зулф шона мекард,
Маҷнун дури ашк дона мекард.
Лайлӣ майи мушкбӯй дар даст,
Маҷнун на зи май, зи бӯи май маст,
Қонеъ шуда ин аз он ба бӯе
В-он розӣ аз ин ба ҷустуҷӯе.
Аз бими таҷассуси рақибон
Созанда зи дур чун ғарибон,
То чарх бад-ин баҳона бархост,
К-он як назар аз миёна бархост.
РАФТАНИ ПАДАРИ МАҶНУН
БА ХОСТГОРИИ ЛАЙЛӢ
Чун роҳи диёри дӯст бастанд,
Бар ҷӯи бурида пул шикастанд,
Маҷнун зи машаққати ҷудоӣ
Кардӣ ҳама шаб ғазалсароӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо