Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй дарду ғами ту роҳати дил,
Ҳам марҳаму ҳам ҷароҳати дил,
Қанд аст лаби ту, ар тавонӣ,
Аз вай қадре ба ман расонӣ,
К-ошуфтагии маро дар ин банд
1
Маъҷуни муфарреҳ омад он қанд.
Ҳам чашми баде расид ногоҳ,
К-аз чашми ту уфтодам, эй моҳ,
Бас меваи обдори чолок,
К-аз чашми бад уфтод бар хок.
Ангушткаши замонааш кушт,
Захмест кушанда захми ангушт.
Аз чашмрасидагӣ, ки ҳастам,
Шуд чун ту расидае зи дастам.
Ниле, ки кашанд гирди рухсор,
Ҳаст аз пайи чашмзахми ағёр.
Хуршед, ки нилгунҳуруф аст,
Ҳам чашмрасидаи кусуф аст.
Ҳар ганҷ, ки бурқаъе напӯшад,
Дар бурдани он ҷаҳон бикӯшад!

РАФТАНИ МАҶНУН БА НАЗЗОРАИ ЛАЙЛӢ

Рӯзе, ки ҳавои парниёнпӯш
Халхоли фалак ниҳод дар гӯш,
Симоби ситораҳо дар он сарф
Шуд з-оташи Офтоб шангарф,
Маҷнуни рамидадил чу симоб
Бо он ду-се ёри нозбартоб
Омад ба диёри ёр пӯён,
«Лаббайк»-занону байтгӯён.
Мешуд суи ёри дилрамида
Пироҳани собирӣ дарида.
Мегашт ба гирди хирмани дил,
Медӯхт дарида домани дил.
Мерафт давон чу мардуми маст,
Мезад ба сару ба рӯй-бар даст.
Чун кори дилаш зи даст бигзашт,
Бар хиргаҳи ёр маст бигзашт.
Бар расми араб нишаста он моҳ,
Барбаста зи дар шиканҷи хиргоҳ.
Он дид дар ину ҳасрате хӯрд
В-ин дид дар ону навҳае кард.

Давое, доруворе.

пешина
аз 349
навбатӣ