Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дурроҷаи қалъаҳои васвос,
Дорандаи поси дайри бепос -
Маҷнуни ғариби дилшикаста,
Дарёи зи ҷӯш нонишаста
Ёре ду-се дошт дилрамида,
Чун ӯ ҳама воқеарасида.
Бо он ду-се ёр ҳар саҳаргоҳ
Рафтӣ ба тавофи кӯи он моҳ.
Берун зи ҳисоби номи Лайлӣ
Бо ҳеҷ сухан надошт майле.
Ҳар кас, ки ҷуз ин сухан кушодӣ,
Нашнидиву посухаш надодӣ.
Он кӯҳ, ки Наҷд буд номаш,
Лайлӣ ба қабила ҳаммақомаш,
Аз оташи ишқу дуди андӯҳ
Сокин нашудӣ, магар бар он кӯҳ.
Бар кӯҳ шудиву ме-задӣ даст
Афтон-хезон чу мардуми маст.
1
Овози нашид баркашидӣ,
Бехуд шуда, сӯ ба сӯ давидӣ
В-он гаҳ мижаро пуроб кардӣ,
Бо боди сабо хитоб кардӣ,
К-эй боди сабо, ба субҳ бархез,
Дар домани зулфи Лайлӣ овез,
Гӯ, он ки бабоддодаи туст,
Бар хоки раҳ уфтодаи туст,
Аз боди сабо дами ту ҷӯяд,
Бо хоки замин ғами ту гӯяд,
Боде бифиристаш аз диёрат,
Хоке-ш бидеҳ ба ёдгорат!
Ҳар к-ӯ на чу бод бар ту ларзад,
На бод, ки хок ҳам наарзад
В-он кас, ки на ҷон ба ту супорад,
Он беҳ, ки зи ғусса ҷон барорад!
Гар оташи ишқи ту набудӣ,
Селоби ғамат маро рабудӣ
В-ар оби ду дида нестӣ ёр,
Дил сӯхтӣ оташи ғамат зор.
Хуршед, ки ӯ ҷаҳонфурӯз аст,
Аз оҳи пуроташам ба сӯз аст.
Эй шамъи ниҳони хонаи ҷон,
Парвонаи хешро маранҷон!
Ҷоду чашми ту баст хобам,
То гашт чунин ҷигар кабобам.

Суруди ошиқона.

пешина
аз 349
навбатӣ