Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меканд бад-он умед ҷоне,
Мекӯфт саре бар остоне.
Ҳар субҳдаме шудӣ шитобон
Сарпойбараҳна дар биёбон.
Ӯ бандаи ёру ёр дар банд,
Аз якдигар ба бӯй хурсанд.
Ҳар шаб зи фироқ байтхонон
Пинҳон рафтӣ ба кӯи ҷонон,
Дар бӯса задиву бозгаштӣ,
Бозомаданаш дароз гаштӣ.
Рафтан-ш беҳ аз шамол будӣ,
Бозомаданаш ба сол будӣ.
Дар вақти шудан ҳазор пар дошт,
Чун омад, хор бар гузар дошт.
Мерафт, чунон ки об дар чоҳ,
1
Меомаду сад гирева бар роҳ.
Пойобила чун ба ёр мерафт,
Бар маркаби роҳвор мерафт.
Бод аз пас дошт, чоҳ дар пеш,
К-омад ба ваболи хонаи хеш.
Гар бахт ба коми ӯ задӣ соз,
Ҳаргиз ба ватан наомадӣ боз!

ДАР СИФАТИ ИШҚИ МАҶНУН

Султони сарири субҳхезон,
Сархайли сипоҳи ашкрезон,
2
Мутвории роҳи дилнавозӣ,
Занҷирии кӯи ишқбозӣ,
Қонуни муғанниёни Бағдод,
3
Байёъи муомилони фарёд,
Табболи нафири оҳанин кӯс,
Руҳбони калисиёи афсӯс,
Ҷодуи нуҳуфта, деви пайдо,
4
Ҳорути мушаввашони шайдо,
Кайхусрави бекулоҳу бетахт,
Дилхушкуни сад ҳазор берахт,
5
Иқтоъдеҳи сипоҳи мӯрон,
Аврангнишини пушти гӯрон;

1 Кӯҳи паст; пуштаи баланд; замини обканда; роҳи душворгузар.
2 Пинҳоншуда; камингирифта.
3 Даллол, миёнарав.
4 Ҳорут ва Морут - ду фариштае, барои ман-манӣ ба ғазаби Худованд гирифтор ва абадӣ дар чоҳи Бобил сарнагун овехта шудаанд. Дар адабиёт рамзи макру фиреб ва сеҳру ҷодуанд.
Бахшиш, ато.

пешина
аз 349
навбатӣ