Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҷнун, ки баландноми ишқ аст,
Аз маърифати тамоми ишқ аст.
То зинда ба ишқ боркаш буд,
Чун гул ба насими ишқ хуш буд
В-акнун, ки гулаш раҳилёб аст,
Он қатра, ки монд аз ӯ, гулоб аст.
Ман низ бад-он гулоби хушбӯй
Хуш мекунам оби худ дар ин ҷӯй.

БУРДАНИ ПАДАР МАҶНУНРО
БА ХОНАИ КАЪБА

Чун рояти ишқи он ҷаҳонгир
Шуд чун маҳи Лайлӣ осмонгир,
Ҳар рӯз ҳамиданомтар гашт,
Дар шефтагӣ тамомтар гашт.
Ҳар шефтагӣ, к-аз он навард аст,
1
Занҷирбури судоъи мард аст.
Бардошта дил зи кори ӯ бахт,
Дармонда падар ба кори ӯ сахт,
Мекард ниёиш аз сари сӯз,
То з-он шаби тира бардамад рӯз.
Ҳоҷатгоҳе нарафта нагзошт,
Илло, ки бирафту даст бардошт.
Хешон ҳама дар ниёз бо ӯ,
Ҳар як шуда чорасоз бо ӯ.
Бечорагии варо чу диданд,
Дар чорагарӣ забон кашиданд.
Гуфтанд ба иттифоқ яксар,
К-аз Каъба кушода гардад ин дар,
Ҳоҷатгаҳи ҷумлаи ҷаҳон ӯст,
Меҳроби замину осмон ӯст.
Пазруфт, ки мавсими ҳаҷ ояд,
Тартиб кунад, чунон ки бояд.
Чун мавсими ҳаҷ расид, бархост,
Уштур талабиду маҳмил орост,
Фарзанди азизро ба сад ҷаҳд
Биншонд чу моҳ дар яке маҳд,
Омад суи Каъба сина пурҷӯш,
Чун Каъба ниҳод халқа бар гӯш,
Гавҳар ба миёни зар баромехт,
2
Чун рег бар аҳли рег мерехт.
Шуд дар раҳаш аз басе хизона
Он хонаи ганҷ ганҷхона.

Дарди сар.
Яъне, ганҷашро чун рег ба бодиянишинон мебахшид.

пешина
аз 349
навбатӣ