Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дизи Ақно, ки саҳнаш нур дорад,
Бино, гӯянд, к-аз Шопур дорад.
Аз он пас кори Хусрав хуррамӣ буд,
Зи давлат бар муродаш ҳамдамӣ буд…

АНДАРЗИ ШИРИН ХУСРАВРО ДАР ДОДУ ДОНИШ

Ба нузҳат буд рӯзе бо дилафрӯз,
Сухан дар доду дониш мешуд он рӯз.
Замин бӯсид Ширин, к-эй Худованд,
Зи ромиш сӯи дониш кӯш якчанд.
Басе кӯшидаӣ дар комронӣ,
Басе дигар ба коми дил биронӣ.
Ҷаҳонро кардаӣ аз неъмат обод,
Харобаш чун тавон кардан ба бедод?
Чу он гове, ки аз вай шир хезад,
Лагад дар шир гирад, то бирезад.
Ҳазар кун з-он ки ногаҳ дар камине
Дуои бад кунад хилватнишине.
Зане пир аз нафасҳои ҷавона
Занад тире саҳаргаҳ бар нишона.
Надорад судат он гаҳ бонгу фарёд,
Ки нафрин дода бошад мулк барбод.
Басо оина, к-андар дасти шоҳон
Сияҳ гашт аз нафири додхоҳон.
Чу давлат рӯй баргардонад аз роҳ,
Ҳама коре на бар мавқеъ кунад шоҳ.
Чу барги боғ гирад нотавонӣ,
Хабар пешин барад боди хазонӣ.
Чу дур аз ҳозирон мирад чароғе,
Кашандаш пеш аз он дар дида доғе.
Чу селе рехтан хоҳад ба анбӯҳ,
Буғуррад кӯҳаи абр аз сари кӯҳ.
Тагарге, к-ӯ занад гашниз бар хок,
Расад худ бӯи гашнизаш бар афлок.
Дарахте, к-аввал аз пайванд каж хост,
Нашояд ҷуз ба оташ карданаш рост.
Ҷаҳонсӯзӣ бад асту ҷаврсозӣ,
Туро беҳ, гар раъиятро навозӣ.
Аз он тарсам, ки гардад ин масал рост,
Ки он шаҳ гуфт, к-ӯро кас намехост:
Куҳандавлат чу бошад дерпайванд,
Раъиятро набошад ҳеҷ дар банд.
Зи мисли худ ҷаҳонро тоқ бинад,
Ҷаҳон худро ба истеҳқоқ бинад.

пешина
аз 349
навбатӣ