Ҳафтахтар Ҷилди 3

Чу тахти пили шаҳ шуд тахтаи оҷ,
Ҳисоби ишқ раст аз тахту аз тоҷ.
Ба зарби дӯстӣ бар даст мезад,
Дабирона яке дар шаст мезад.
Нагӯям, бар нишона тир мешуд,
Рутаб бе устухон дар шир мешуд.
Шуда чанбар миёне бар миёне,
Расида з-он миён ҷоне ба ҷоне.
Чакида оби гул дар симгун ҷом,
Шакар бигдохта дар мағзи бодом.
Садаф бар шохи марҷон маҳд баста,
Ба як ҷо обу оташ аҳд баста.
Зи рангомезии он оташу об
Шабистон гашта пуршангарфу симоб.
Шабонрӯзӣ ба тарки хоб гуфтанд,
Ба марворидҳо ёқут суфтанд.
Шабонрӯзи дигар хуфтанд мадҳуш,
Бунафша дар бару наргис дар оғӯш.
Ба як ҷо ҳарду чун товус хуфта,
1
Ки алҳақ хуш бувад товус хуфта!
Зи нӯшин хоб чун сар баргирифтанд,
Худоро офарин аз сар гирифтанд.
Ба об андомро таъдиб карданд,
Ниёишхонаро тартиб карданд.
Зи дасти хастагони пардаи шоҳ
Нашуд ранги арӯсӣ то ба як моҳ.
Ҳумайлову Сумантурку Ҳумоюн
Зи ҳинно дастҳоро карда гулгун.
Малик рӯзе ба хилватгоҳ биншаст,
Нишонд он луъбатонро низ бар даст.
Ба расм ороише дархурдашон кард,
Зи гавҳар сурху аз зар зардашон кард.
Ҳумоюнро ба Шопури гузин дод,
Табарзад хурду ёдаш ангубин дод.
Ҳумайлоро Накисо ёр шуд рост,
Сумантурк аз барои Борбад хост.
Хутанхотун зи рӯи ҳикмату панд
Бузургуммедро фармуд пайванд.
Пас он гаҳ дод бо ташрифу маншур
Ҳама мулки Меҳинбону ба Шопур.
Чу омад давлати Шопур дар кор,
Дар он давлат иморат кард бисёр.
Қофия халалдор аст. Шояд тобишҳои маъноии калима (хуфта – хобидааст ва хуфта - хобида) мавриди назар бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо