Ҳафтахтар Ҷилди 3

Саҳаргаҳ чун ба одат гашт бедор,
Фитодаш чашм бар хурмои бехор.
Арӯсе дид зебо, ҷон дар ӯ баст,
Танӯре гарм, ҳолӣ нон дар ӯ баст.
Набизи талх гашта созгораш,
Шикаста бӯсаи Ширин хумораш.
Ниҳода бар даҳонаш соғари мул,
Шукуфта дар канораш хирмани гул.
Ду мушкин тавқ дар ҳалқаш фитода,
Ду симин нор бар себаш ниҳода.
Бунафша бо шақоиқ дар муноҷот,
Шакар мегуфт: фӣ таъхир офот!
Чу абр аз пеши рӯи моҳ бархост,
Шикеби шоҳ низ аз роҳ бархост.
Хирад бо рӯи хубон ношикеб аст,
Шароби чиниён монифиреб аст.
Ба Хузистон даромад хоҷа сармаст,
Табарзад мерабуду қанд мехаст.
На хуштар з-он сабӯҳӣ дида дида,
На субҳе з-он муборактар дамида.
Сари аввал ба гулчидан даромад,
Чу гул з-он рух ба хандидан даромад.
Пас он гаҳ ишқро овоза дардод,
Салои меваҳои тоза дардод.
Гаҳ аз себу суман буд нуқлсозӣ-ш,
Гаҳе бо нору наргис рафт бозӣ-ш.
Гаҳе бози сапед аз дасти шаҳ ҷаст,
Тазарви боғро бар сина биншаст.
Гаҳе аз бас нишотангез парвоз
Кабӯтар чира шуд бар синаи боз.
Гавазни мода мекӯшид бо шер,
Бар ӯ ҳам шери нар шуд оқибат чир.
Шигарфӣ карду то хозин хабар дошт,
Ба ёқут аз ақиқаш муҳр бардошт.
Бурун бурд аз дили пурдарди ӯ дард,
Баровард аз гули бегарди ӯ гард.
Ҳисоре ёфт симин, қуфл бар дар,
Чу оби зиндагонӣ муҳр бар сар.
На бонги пои мазлумон шунида,
На дасти золимон бар вай расида.
Хаданги ғунча бо пайкон шуда ҷуфт,
Ба пайкон лаъли пайконӣ ҳамесуфт.
Магар шаҳ Хизр буду шаб сиёҳӣ,
Ки дар оби ҳаёт афканд моҳӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо