Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ЗИФОФИ ХУСРАВУ ШИРИН

Саодат чун гуле парвард хоҳад,
Ба бор ояд, пас он гаҳ мард хоҳад.
Нахуст иқбол бардӯзад кулоҳе,
Пас он гоҳе ниҳад бар фарқи шоҳе.
Зи дарё дур барорад марди ғаввос,
Ба кам муддат шавад бар тоҷҳо хос.
Чу Ширин гашт ширинтар зи ҷуллоб,
Сало дардод Хусравро, ки дарёб,
Бихур, к-ин ҷоми ширин нӯш бодат,
Ба ҷуз Ширин ҳама фармӯш бодат!
Ба хилват бо забони некноме
Фиристодаш ба ҳушёрӣ паёме,
Ки ҷоми бода дарбоқӣ кун имшаб,
Маро ҳам бода, ҳам соқӣ кун имшаб.
Машав ширинпараст, ар майпарастӣ,
Ки натвон кард бо як дил ду мастӣ.
Чу мастӣ мардро бар сар занад дуд,
Кабобаш хоҳ тар, хоҳе намаксуд.
Дигар чун бар муродаш даст бошад,
Бигӯяд, маст будам, маст бошад.
Агар болои сад бикрӣ барад маст,
Ба ҳушёрии ҳушёрон кашад даст.
Басо масто, ки қуфли хеш бикшод,
Ба ҳушёрӣ зи дуздон кард фарёд.
Хуш омад ин сухан шоҳи Аҷамро,
Бигуфто: ҳаст фармон он санамро!
Валекин буд рӯзи бода хӯрдан,
Ҷигархорӣ намешоист кардан.
Навои Борбад, лаҳни Накисо
Ҷабини Зуҳраро карда заминсо.
Гаҳе гуфтӣ ба соқӣ нағмаи рӯд,
Бидеҳ ҷоме, ки бод ин айш бадруд!
Гаҳе бо Борбад гуфтӣ, май аз ҷом
Бизан, к-имсол некат бод фарҷом!
Малик бар ёди Ширин талхбода
Лаболаб кардаву бар лаб ниҳода.
Ба шодӣ ҳар замон мехӯрд косе,
Бад-ин сон то зи шаб бигзашт посе.
Чу омад вақти он, к-осудаву шод
Шавад сӯи арӯси хеш домод,
Чунон буд маст, к-аш беҳуш бурданд,
Ба ҷои ғошия-ш бар дӯш бурданд…

пешина
аз 349
навбатӣ