Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба пушти зин бар асбони равона
Зи гесӯ карда мушкин тозиёна.
Ба гесӯ дарниҳода луълӯи зар,
Зада бар луълӯи зар луълӯи тар.
Бад-ин равнақ, бад-ин оин, бад-ин нур
Чунин ороише, з-ӯ чашми бад дур,
Якояк дар нишоту ноз рафтанд,
Ба истиқболи Ширин бозрафтанд.
Ба ҷои фундуқ афшон буд бар сар
Дурафшон ҳар дуре чун фундуқи тар,
Ба ҷои парраи гул нофаи мушк,
Мурассаъ луълӯи тар бо зари хушк,
Ҳама раҳ ганҷрезу гавҳарандоз,
Биоварданд Ширинро ба сад ноз.
Чу омад маҳди Ширин дар Мадоин,
Ғанӣ шуд домани хок аз хазоин.
Ба ҳар гоме, ки шуд чун навбаҳоре,
Шаҳаншаҳ рехт дар пояш нисоре.
Чунон к-аз бас дирамрезони шоҳӣ
Дирам рӯяд ҳанӯз аз пушти моҳӣ.
Фуруд омад ба давлатгоҳи Ҷамшед
Чу дар бурҷи ҳамал тобанда Хуршед.
Малик фармуд хондан мӯбадонро,
Ҳамон корогаҳону бихрадонро.
Зи Ширин қиссае бар анҷуман ронд,
Ки ҳар кас ҷони ширин бар вай афшонд,
Ки Ширин шуд маро ҳам ҷуфту ҳам ёр,
Ба ҳар меҳраш, ки бинвозам, сазовор,
Зи ман пок аст бо ин меҳрбонӣ,
Кӣ донад кард аз ин сон зиндагонӣ!
Гар ӯро ҷуфт созам, ҷойи он ҳаст,
Бад-ӯ гардан фарозам, ройи он ҳаст.
Май он беҳтар, ки бо гул ҷом гирад,
Ки ҳар мурғе ба ҷуфт ором гирад.
Чу бар гардан набошад говро ҷуфт,
Ба говоҳан кӣ донад хокро суфт?
Ҳама гард аз ҷабинҳо баргирифтанд,
Бар он шуғл офаринҳо баргирифтанд.
Гирифт он гоҳ Хусрав дасти Ширин,
Бари худ хонд мӯбадро, ки биншин.
Суханро нақш бар оини ӯ баст,
Ба расми мӯбадон ковини ӯ баст.
Чу маҳдашро ба маҷлис хосагӣ дод,
Даруни пардаи хосаш фиристод.

пешина
аз 349
навбатӣ