Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ОВАРДАНИ ХУСРАВ ШИРИНРО
АЗ ҚАСР БА МАДОИН

Ба пирӯзӣ чу бар пирӯзагун тахт
Арӯси субҳро пирӯз шуд бахт,
Ҷаҳон раст аз мураққаъ пора кардан,
Арӯси олам аз зар ёра кардан,
Шаҳ аз баҳри арӯс ороише сохт,
Ки Хур аз шарми он ороиш андохт.
Ҳазор уштур сияҳчашму ҷавонсол
Саросар сурхмӯву зардхалхол,
Ҳазор аспи мурассаъ гӯш то дум
Ҳама зарринситому оҳанинсум,
Ҳазор астар ситорачашму шабранг,
Ки даврон буд бо рафторашон ланг.
Ҳазорон луъбатони норпистон
Ба рух ҳар як чароғи бутпарастон,
Ҳазорон моҳрӯёни қасабпӯш,
Ҳама дур дар кулоҳу ҳалқа дар гӯш,
Зи сандуқу хазина чанд хирвор
Ҳама оганда аз луълӯи шаҳвор.
Зи мафрашҳо, ки пурдебову зар буд,
Зи сад бигзар, ки понсад бештар буд.
Ҳама пурзарру дебоҳои чинӣ,
К-аз он сон дар ҷаҳон акнун набинӣ.
Чу товусони заррин даҳ иморӣ,
Ба ҳар товус-дар кабке баҳорӣ.
Яке маҳде ба зар таркиб карда,
Зи баҳри хоси ӯ тартиб карда,
1
Зи ҳадди Бесутун то тоқи Гарро,
2
Ҷанибатҳо равон бо тавқу ҳарро.
Заминро арзи найза танг дода,
Ҳаворо мавҷи байрақ ранг дода.
Ҳама раҳ мавкиби хубони чун шаҳд,
Иморӣ дар иморӣ, маҳд дар маҳд.
Шакаррезон арӯсон бар сари роҳ,
Қасабҳои шакаргун баста бар моҳ.
Паричеҳра бутони шӯхи дилбанд,
Зи холу лаб сиришта мушк бо қанд.
Ба гирди фарқ ҳар сарви баланде
Ироқивор баста фарқбанде,

Тоқе дар наздикиҳои Бесутун.
Гулӯлаҳои тиллову нуқра, ки ба он зину афзоли асп ва яроқро зинат медодаанд.

пешина
аз 349
навбатӣ